https://sputnik.tj/20220718/dar-dushanbe-mahalla-va-kuchai-behtarinro-muayyan-mekunand-1050087192.html
Дар Душанбе маҳалла ва кӯчаи беҳтаринро муайян мекунанд
Дар Душанбе маҳалла ва кӯчаи беҳтаринро муайян мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе ахиран дар бораи баргузории озмунҳои “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” дар пойтахти кишвар хабар додааст
2022-07-18T22:00+0500
2022-07-18T22:00+0500
2022-07-18T22:00+0500
дар тоҷикистон
душанбе
озмун
кӯча
маҳаллаи беҳтарин
қарор
рустами эмомалӣ
шаҳрдорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101325/78/1013257826_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_6aede4b82766ede6c1e143258587b28b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.Қайд карда шудааст, ки ин озмунҳо бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардидан ва рушд ёфтани шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад.Таъкид карда шудааст, ки баргузории озмунҳои зикргардида барои таҷлили сазовори 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меоранд.Бо қарори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Тоҷикистон пешбинишуда барои мукофотонидани ғолибони озмунҳои “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” 22 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.Ёдовар мешавем, ки дар соли 2020 дар номинатсияи "Маҳаллаи беҳтарин" ҷойи аввал ба маҳаллаи "Шоҳмансур-1"-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи "Чортут"-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дода шуда буд.Дар номинатсияи "Кӯчаи беҳтарин" ҷойи аввал ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюм ба кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва зинаи сеюм ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ сазовор дониста шуд.
https://sputnik.tj/20220707/amr-prezident-tojikiston-ozmuni-tojikon-1049808566.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101325/78/1013257826_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_e6ccc6f2f0f6a7357cb2a5b4fb8c58e5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, маҳалла, кӯчаи беҳтарин, озмун, шаҳрдорӣ, пойтахт
тоҷикистон, душанбе, маҳалла, кӯчаи беҳтарин, озмун, шаҳрдорӣ, пойтахт
Дар Душанбе маҳалла ва кӯчаи беҳтаринро муайян мекунанд
Шаҳрдории Душанбе ахиран дар бораи баргузории озмунҳои “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” дар пойтахти кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
“Бо ташаббуси мақомоти шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт ҷиҳати муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча озмунҳои “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” гузаронида мешаванд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки ин озмунҳо бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардидан ва рушд ёфтани шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад.
Таъкид карда шудааст, ки баргузории озмунҳои зикргардида барои таҷлили сазовори 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меоранд.
Бо қарори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Тоҷикистон пешбинишуда барои мукофотонидани ғолибони озмунҳои “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” 22 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2020 дар номинатсияи "Маҳаллаи беҳтарин" ҷойи аввал ба маҳаллаи "Шоҳмансур-1"-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи "Чортут"-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи "Шафақ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дода шуда буд.
Дар номинатсияи "Кӯчаи беҳтарин" ҷойи аввал ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюм ба кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва зинаи сеюм ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ сазовор дониста шуд.