Азми Тоҷикистон барои раҳоӣ аз пойбандӣ ба равғани воридотӣ: Чин ҷалб мешавад

© sputnikАфзоиши нархи равған дар бозорҳои Тоҷикистон
Афзоиши нархи равған дар бозорҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Айни ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 80%-и талаботи бозори дохилӣ бо равғани истеъмолӣ аз ҳисоби воридот таъмин мегардад, ки мояи нигаронӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тоҷикистон азм дорад, бо ҷалби сармоягузорони чинӣ корхонаҳои равғани замони шӯравиро дубора фаъол созад.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, гуфт, феълан таъминоти бозор бо равғани худӣ ба мушкили аслӣ табдил ёфтааст.
Ӯ зикр намуд, ки дар айни ҳол иқтидорҳои тавлиди равған дар Тоҷикистон ҳамагӣ 20%-и талаботи бозорро таъмин мекунанд.
Вазир гуфт, барои ислоҳи вазъ дар Ӯзбекистон бо масъулини ширкати чиние мулоқот дошт, ки ба тавлиди таҷҳизот барои истеҳсоли равған машғуланду дар кишвари ҳамсоя чандин корхонаро фаъол кардааст.
Производство растительных масел в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Ӯзбекистон муваққатан содироти рӯғани растаниро манъ кард
Вай илова намуд, ки барои фаъолсозии иқтидорҳои нав дар Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои равғанбарории замони шӯравӣ дар Бохтар, Душанбе, Конибодом ва Хуҷанд мутахассисони ширкати чиниро даъват кардааст.
Шералӣ Кабир изҳори умед намуд, ки бо ҷалби ин ва дигар шарикон иқтидорҳои нави равғанбарорӣ дар Тоҷикистон фаъол хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки равған ба Тоҷикистон аз ҷумла аз Русия ворид карда мешавад ва Маскав квотаҳои содироти равғани офтобпараст ба андозаи 400 ҳазор тоннаро зиёд кард.
Қаблан ҳаҷми иҷозатдодашуда барои содироти равған аз Русия 1,5 млн тоннаро ташкил медод. Таъкид шудааст, ки квотаҳо барои содироти равғани офтобпараст то 31 август амал мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0