https://sputnik.tj/20220717/uzbekiston-vabo-afghoniston-nazorat-behdosht-marzro-purzur-1050051951.html
Ӯзбекистон ба далели хуруҷи вабо дар Афғонистон назорати беҳдоштӣ дар марзро пурзӯр кард
Ӯзбекистон ба далели хуруҷи вабо дар Афғонистон назорати беҳдоштӣ дар марзро пурзӯр кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар гузаргоҳҳои сарҳадии Ӯзбекистон 54 нуқтаи санитарию карантинӣ мавҷуд аст, ки барои аз муоина гузарондани воридшавандаҳо тамоми шароитро доранд 17.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-17T17:01+0500
2022-07-17T17:01+0500
2022-07-18T13:34+0500
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
тандурустӣ
вабо
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116281_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_0066556846b5bce0e181cb9f69a69ef0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ӯзбекистон дар робита ба хуруҷи бемории вабо дар А назорати беҳдоштиро дар марз тақвият бахшидааст.Дар ин бора котиботи Хадамоти санитарию эпидемиологии Ӯзбекистон хабар дод.Бояд гуфт, ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ ба ин дард дар музофотҳои Ҳилманд ва Зобули Афғонистон сабт гардидаанд. Мақомоти беҳдошти Афғонистон мегӯяд, сироятёфтаҳо ҳамарӯза афзоиш меёбанд ва аллакай чанд мавриди фавт аз ин беморӣ низ ба қайд гирифта шудаст.Тибқи иттилои Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, дар гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистон 54 нуқтаи карантини санитарӣ фаъолият мекунад. Аз ин шумор 36 адад дар роҳҳои автомобилгард, 11-то дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ, 6 дар роҳи оҳан ва 1-тоаш дар бандари дарёӣ ҷойгир шудаанд. Ҳама гузаргоҳҳо бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва ҳароратсанҷҳои бидуни тамос муҷаҳҳаз шудаанд, ки барои муоинаи тиббию санитарии шахсони воридшаванда ба кишвар ташкил ёфтаанд.Илова бар ин, тибқи фармонҳои дахлдори вазири тандурустӣ тамоми беморони гирифтори дарунравӣ дар беморхонаҳои сироятӣ ҳатман аз ташхиси бемории вабо гузаронида мешаванд. БМанбаъ меафзояд, дар мавсими беморӣ мутахассисони ин ниҳод ҳар ҳафта аз обанборҳои кушод намунаҳои об мегиранд, то ангезандаҳои ваборо муайян кунанд.
https://sputnik.tj/20220711/avj-bemori-vabo-afghoniston-1049910553.html
ӯзбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116281_40:0:1744:1278_1920x0_80_0_0_3f269a92b9547a8cdebdddba9c25cb7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, ӯзбекистон, тандурустӣ, вабо, афғонистон
осиёи марказӣ, ӯзбекистон, тандурустӣ, вабо, афғонистон
Ӯзбекистон ба далели хуруҷи вабо дар Афғонистон назорати беҳдоштӣ дар марзро пурзӯр кард
17:01 17.07.2022 (Навсозишуда: 13:34 18.07.2022) Дар гузаргоҳҳои сарҳадии Ӯзбекистон 54 нуқтаи санитарию карантинӣ мавҷуд аст, ки барои аз муоина гузарондани воридшавандаҳо тамоми шароитро доранд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ӯзбекистон дар робита ба хуруҷи бемории вабо дар А назорати беҳдоштиро дар марз тақвият бахшидааст.
Дар ин бора котиботи Хадамоти санитарию эпидемиологии Ӯзбекистон хабар дод.
Бояд гуфт, ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ ба ин дард дар музофотҳои Ҳилманд ва Зобули Афғонистон сабт гардидаанд. Мақомоти беҳдошти Афғонистон мегӯяд, сироятёфтаҳо ҳамарӯза афзоиш меёбанд ва аллакай чанд мавриди фавт аз ин беморӣ низ ба қайд гирифта шудаст.
Тибқи иттилои Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, дар гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистон 54 нуқтаи карантини санитарӣ фаъолият мекунад. Аз ин шумор 36 адад дар роҳҳои автомобилгард, 11-то дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ, 6 дар роҳи оҳан ва 1-тоаш дар бандари дарёӣ ҷойгир шудаанд.
Ҳама гузаргоҳҳо бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва ҳароратсанҷҳои бидуни тамос муҷаҳҳаз шудаанд, ки барои муоинаи тиббию санитарии шахсони воридшаванда ба кишвар ташкил ёфтаанд.
Илова бар ин, тибқи фармонҳои дахлдори вазири тандурустӣ тамоми беморони гирифтори дарунравӣ дар беморхонаҳои сироятӣ ҳатман аз ташхиси бемории вабо гузаронида мешаванд. Б
Манбаъ меафзояд, дар мавсими беморӣ мутахассисони ин ниҳод ҳар ҳафта аз обанборҳои кушод намунаҳои об мегиранд, то ангезандаҳои ваборо муайян кунанд.