Ангури Турсунзода ба Русия содирот мешавад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкВиноград сорта "Шардоне" на виноградниках
Виноград сорта Шардоне на виноградниках  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Дар "Боғи Сомон" зиёда аз даҳ намуди ангур парвариш карда мешавад. Феълан ангури навъи шоҳона пухта расидааст, ки аъзои хоҷагӣ ба ҷамъоварии он машғуланд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ангури "Боғи Сомон" ба Русия содирот хоҳад шуд. хабар медиҳад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.
Гуфта мегшавад, ин боғ дар Турсунзода яке аз хоҷагиҳои калон мебошад.
Феълан дар "Боғи Сомон" мавсими нави ҳосилғундорӣ ҷараён дорад ва саҳмдорони боғ ният доранд, ки нахуст бозори дохилиро таъмин намуда, сипас ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия низ онро содирот кунанд.
Хатлон чанд фоизи маҳсулот дар Тоҷикистонро таъмин мекунад?
Манбаъ меафзояд, дар "Боғи Сомон" зиёда зиёда аз даҳ намуд ангур, аз ҷумла "ҳусайнии сиёҳ ва сафед", "ғалаба", "шоҳона", "пешпазак", "кишмиши сиёҳу сафед" ва "Президент", ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд.
"Айни замон ангури навъи "шоҳона" пухта расидааст, ки аъзоёни хоҷагӣ ба ҷамъоварии ҳосили он машғуланд", - мегӯяд манбаъ.
Бояд гуфт, соли ҷорӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар зиёда аз 12,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шуд.
Аз ҷумла тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан маҳсулот ба кишварҳои Русия Беларус, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва Покистон содирот кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0