Маҷидов дар "Zagreb Grand Prix-2022" мақоми 7-умро гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷаҳонии "Zagreb Grand Prix-2022" 7 паҳлавон намояндагӣ карданд, аммо ягон нафарашон ба ҷоиза даст наёфтанд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи "Zagreb Grand Prix-2022" мақоми 7-умро ишғол кард, ки беҳтарин нишондод миёни намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба шумор меравад.
Ба гузориши телевизиони "Варзиш", Маҷидов аз сабқат дар вазни то 90 кило, дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм Алексейс Зарудневс аз Латвияро шикаст дод. Дар даври 3-юм Ҷаҳонгир бо ҷудокори 25-солаи сербӣ Немания Маҷдов вориди майдон шуду пирӯз берун баромад.
Дар марҳилаи чорякниҳоӣ ҷудокори бразилӣ Рафаэл Масейдо, бар Маҷидов пирӯз омад. Сабқати паҳлавони тоҷик бо Ноел Ван Т Энди ҳоландӣ дар даври тасаллобахш низ бо шикасти аввалӣ анҷомид.
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳар ду бозӣ бо тими Арабистони Саудиро бохт
Ҳамин тариқ Маҷидов бо 182 имтиёзи олимпию мақоми 7-ум "Zagreb Grand Prix 2022" –ро ҷамъбаст намуд, ки беҳтарин нишондод миёни 7 намояндаи ҷумҳурист.
Мусобиқаи "Zagreb Grand Prix-2022" дар Хорватия варзишгарони 71 кишвари дунёро гирд овардааст.
Қаблан ҷудокорони дигари кишвар Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-66 кг), Алиҷон Сафаров (-66 кг) , Наврӯз Каримзод (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг) бо натиҷаи ғайриқаноатбахш дар мусобиқаи "Zagreb Grand Prix 2022" мувоҷеҳи шикаст шуданд.
Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки Комроншоҳи Устопириён ҷудокори соҳибноми кишвар бинобар сабаби ҷароҳати пой натавонист дар ин сабқат иштирок кунад.
Лентаи хабарҳо
0