Ҳавои тафсон дар Тоҷикистон: то 43 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон то 43 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон ҳавои вилояти Суғдро низ тағйирёбанда пешгӯӣ мекунанд. Вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо то 10 метр дар як сония мерасад. Рӯзона ҳаво 37-42 ва шабона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон низ бебориш аст. Рӯзона дамои ҳаво то 38-43 ва шабона 21-26 дараҷа мерасад.
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Ҳавошиносон гуфтанд, гармои шадид дар Тоҷикистон то кай идома мекунад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19-24ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20-22 дараҷа ва рӯзона 39-41 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0