https://sputnik.tj/20220716/sarbozon-kulob-1000-adabiyot-1050039155.html
Ба сарбозони шаҳри Кӯлоб 1000 нусха адабиёти бадеӣ тақдим гардид
Ба сарбозони шаҳри Кӯлоб 1000 нусха адабиёти бадеӣ тақдим гардид
Sputnik Тоҷикистон
Ба сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлоб ҳамчунин, маводи ғизоӣ аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, макарон ва полезиҳо дастрас гардиданд
2022-07-16T21:00+0500
2022-07-16T21:00+0500
2022-07-18T14:52+0500
дар тоҷикистон
сарбозон
китоб
кӯлоб
тақдим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039049494_0:299:3073:2027_1920x0_80_0_0_8679b79d93cd5d5ffa5de697d96bb81e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ба сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлоб 1000 нусха адабиёти бадеӣ тақдим карда шуд.Ин миқдор китоби бадеиро мақомоти шаҳри Кӯлоб ба сарбозон тақдим кардаанд.Ҳамчунин, ба сарбозон маводи ғизоӣ аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, макарон ва полезиҳо дастрас гардиданд.Дар маросими китобсупорӣ ҳамчунин, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ширкат кардаанд.Онҳо сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлобро аёдат карда, бо вазъи шароити хизмат ва истироҳату фароғати онҳо шинос шудаанд, хабар медиҳад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.Назарзода зимни суҳбат бо хизматчиёни ҳарбӣ гуфтааст, ки маҳз бо шарофати президент ва хизмати ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти қудратии мамлакат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ имконияти мустақилона ҳимоя намудани марзи Ватанро ба даст овард.Манбаъ афзуда, ки дар идомаи вохӯрӣ волидони сарбозон аз ободиву сулҳу осоиштагии Тоҷикистон сухан гуфта, таманно намуданд, ки ҳамеша дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор бимонад.Ҳамчунин дар ин рӯз модарони рӯзгордида нону дигар дастранҷҳои ҳунарии худро пешкаши сарбозон намуданд.
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039049494_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_20fd4838b3f8cecd679f962d23f74d9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аёдат, сарбозон, шаҳри кӯлоб
аёдат, сарбозон, шаҳри кӯлоб
Ба сарбозони шаҳри Кӯлоб 1000 нусха адабиёти бадеӣ тақдим гардид
21:00 16.07.2022 (Навсозишуда: 14:52 18.07.2022) Ба сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлоб ҳамчунин маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, рӯған, картошка, пиёз, макарон ва полезиҳо тақдим шуд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ба сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлоб 1000 нусха адабиёти бадеӣ тақдим карда шуд.
Ин миқдор китоби бадеиро мақомоти шаҳри Кӯлоб ба сарбозон тақдим кардаанд.
Ҳамчунин, ба сарбозон маводи ғизоӣ аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, макарон ва полезиҳо дастрас гардиданд.
Дар маросими китобсупорӣ ҳамчунин, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ширкат кардаанд.
Онҳо сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлобро аёдат карда, бо вазъи шароити хизмат ва истироҳату фароғати онҳо шинос шудаанд, хабар медиҳад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Назарзода зимни суҳбат бо хизматчиёни ҳарбӣ гуфтааст, ки маҳз бо шарофати президент ва хизмати ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти қудратии мамлакат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ имконияти мустақилона ҳимоя намудани марзи Ватанро ба даст овард.
Манбаъ афзуда, ки дар идомаи вохӯрӣ волидони сарбозон аз ободиву сулҳу осоиштагии Тоҷикистон сухан гуфта, таманно намуданд, ки ҳамеша дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор бимонад.
Ҳамчунин дар ин рӯз модарони рӯзгордида нону дигар дастранҷҳои ҳунарии худро пешкаши сарбозон намуданд.