https://sputnik.tj/20220716/rusiya-swift-darkor-nameshavad-1050041492.html
Орешкин: Русия коре мекунад, ки SWIFT дигар даркор намешавад
Орешкин: Русия коре мекунад, ки SWIFT дигар даркор намешавад
Sputnik Тоҷикистон
Кремл ҳадаф дорад тариқи сенарияе кор кунад, ки ҳангоми тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ аз ниҳодҳои молӣ ва абзорҳои боэътимод истифода шавад
2022-07-16T18:16+0500
2022-07-16T18:16+0500
2022-07-18T14:57+0500
иқтисод
дар русия
swift
дар ҷаҳон
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/10/1050040381_0:0:3163:1779_1920x0_80_0_0_f5b54c742733b6f2ccc6d3e5c817c0ad.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Русия нақша дорад, ки низоми тиҷорати хориҷии худро тавре таъсис диҳад, ки зарурати истифодаи SWIFT аз байн равад. Дар ин бора зимни суханронии худ дар анҷумани "Территорияи смыслов" ёвари президенти Русия Максим Орешкин изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазифаи аслии мақомот фароҳам овардани шароити мусоид барои амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад. Орешкин инчунин таъкид кард, ки бо ҳамкасбони чинӣ идеяҳое коркард мешаванд, ки "метавонанд вазъиятро ба таври куллӣ тағйир диҳанд".Илова бар ин, ёвари президент гуфт, ки кишвар қасд надорад иқтисоди пӯшида дошта бошад, баръакс, нақша дорад бо ҳама аз кишварҳои хориҷ ҳамкорӣ кунад, аммо барои ин ниҳодҳои боэътимоди молиявӣ лозим аст. Си Ҷинпин: Таҳримҳо мисли "бумеранг" ба кишварҳое, ки ҷорияшон карданд бармегарданд"Мо мебинем, ки гардиши юан низ хеле меафзояд, гардиши рубл ҳам меафзояд, ин зина ба зина сурат хоҳад гирифт, мо чунин механизмҳоеро пайдо мекунем, ки ин равандро боз ҳам соддатар кунанд", - хулоса кард Орешкин. Қаблан маълум шуд, ки дар Русия аналоги муосири SWIFT-ро дар асоси блокчейн таҳия кардаанд.Технология барои озмоиш омода аст ва аллакай натиҷаҳои баланд нишон медиҳад ва суръати тарҳрезӣ ба 25 000 паём дар як сония мерасад.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/10/1050040381_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6a24edd8da78eba29e3d428f19b23bc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, swift, интернет,
Орешкин: Русия коре мекунад, ки SWIFT дигар даркор намешавад
18:16 16.07.2022 (Навсозишуда: 14:57 18.07.2022) Кремл ҳадаф дорад, аз тариқи сенарияе кор кунад, ки ҳангоми тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ аз ниҳодҳои молӣ ва абзорҳои боэътимод истифода шавад
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Русия нақша дорад, ки низоми тиҷорати хориҷии худро тавре таъсис диҳад, ки зарурати истифодаи SWIFT аз байн равад.
Дар ин бора зимни суханронии худ дар анҷумани "Территорияи смыслов" ёвари президенти Русия Максим Орешкин изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазифаи аслии мақомот фароҳам овардани шароити мусоид барои амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад.
"Ҳафтаи оянда мо бо шарикони туркии худ мулоқот хоҳем кард ва дар бораи роҳандозии пардохтҳо гуфтугӯ хоҳем намуд. Бо Чин, воқеъан, ҳоло вазъ зина ба зина беҳтар шуда истодааст ва боз ҳам беҳтар хоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Орешкин инчунин таъкид кард, ки бо ҳамкасбони чинӣ идеяҳое коркард мешаванд, ки "метавонанд вазъиятро ба таври куллӣ тағйир диҳанд".
Илова бар ин, ёвари президент гуфт, ки кишвар қасд надорад иқтисоди пӯшида дошта бошад, баръакс, нақша дорад бо ҳама аз кишварҳои хориҷ ҳамкорӣ кунад, аммо барои ин ниҳодҳои боэътимоди молиявӣ лозим аст.
"Мо мебинем, ки гардиши юан низ хеле меафзояд, гардиши рубл ҳам меафзояд, ин зина ба зина сурат хоҳад гирифт, мо чунин механизмҳоеро пайдо мекунем, ки ин равандро боз ҳам соддатар кунанд", - хулоса кард Орешкин.
Қаблан маълум шуд, ки дар Русия аналоги муосири SWIFT-ро дар асоси блокчейн таҳия кардаанд.
Технология барои озмоиш омода аст ва аллакай натиҷаҳои баланд нишон медиҳад ва суръати тарҳрезӣ ба 25 000 паём дар як сония мерасад.