https://sputnik.tj/20220716/oghoz-parvandai-jinoi-varzob-1050036859.html
Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини Варзоб: Лексусҳоро "бепул" гирифт
Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини Варзоб: Лексусҳоро "бепул" гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Сокини ноҳияи Варзоб дар қаллобии нисбатан калон гумонбар мешавад. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард
2022-07-16T14:06+0500
2022-07-16T14:06+0500
2022-07-18T15:25+0500
вкд
боздошт
дар тоҷикистон
варзоб
парвандаи ҷиноӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_0:134:1632:1052_1920x0_80_0_0_b1aea94ecf10332a735b57ab957adac5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сокини 26-солаи ноҳияи Варзобро бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин мард дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт шудааст ва дар қаллобӣ айбдор мешавад.Гуфта мешавад, ки номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада аз се автомашинаи гаронарзиш гирифтааст.Ӯ мошинҳои тамғаи “Лексус РХ” “Лексус 470” ва “Тойота Камри”-ро ба маблағи 410 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, ваъда додааст, ки баъди як моҳ маблағро бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.Боздошти ду корманди баландмақоми ВКД дар Хатлон"Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд", - омадааст дар хабарнома.Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Чунин ҳодисаи монанд бо сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ низ рух додааст.Сокини шаҳри Ҳисор ба бовари ӯ даромада "БМВ Х5"-ашро 183 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст. Ошкор шудани заминфурӯшӣ дар шаҳри ТурсунзодаВа ваъда додааст, ки маблағашро дар мудати кӯтоҳ пардохт менамояд, аммо ба ваъдааш вафо накардааст. ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.
варзоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_219:78:1632:1138_1920x0_80_0_0_7a0428bcec911e1b3f47af2269df3d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвандаи ҷиноӣ, сокини варзоб, вкд, тоҷикистон
парвандаи ҷиноӣ, сокини варзоб, вкд, тоҷикистон
Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини Варзоб: Лексусҳоро "бепул" гирифт
14:06 16.07.2022 (Навсозишуда: 15:25 18.07.2022) Сокини ноҳияи Варзоб дар қаллобии нисбатан калон гумонбар мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сокини 26-солаи ноҳияи Варзобро бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин мард дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт шудааст ва дар қаллобӣ айбдор мешавад.
Гуфта мешавад, ки номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада аз се автомашинаи гаронарзиш гирифтааст.
Ӯ мошинҳои тамғаи “Лексус РХ” “Лексус 470” ва “Тойота Камри”-ро ба маблағи 410 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, ваъда додааст, ки баъди як моҳ маблағро бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
"Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Чунин ҳодисаи монанд бо сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ низ рух додааст.
Сокини шаҳри Ҳисор ба бовари ӯ даромада "БМВ Х5"-ашро 183 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст.
Ва ваъда додааст, ки маблағашро дар мудати кӯтоҳ пардохт менамояд, аммо ба ваъдааш вафо накардааст.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.