https://sputnik.tj/20220716/dastur-shoygu-purzur-kardan-amaliyot-1050036292.html
Дастури Шойгу барои пурзӯр кардани амалиёт ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Киев
Дастури Шойгу барои пурзӯр кардани амалиёт ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Киев
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари вазорати дифои Федератсияи Русия амалиёти нерӯҳои низомии Русияро, ки супоришҳои амалиёти вижаро иҷро мекунанд, тафтиш кард
2022-07-16T13:33+0500
2022-07-16T13:33+0500
2022-07-16T13:33+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
киев
дастур
сергей шойгу
амалиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041982283_0:0:3165:1780_1920x0_80_0_0_a28b9b99f81c2d9417b4226deef599fa.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дастур дод, ки иқдомоти нерӯҳои мусаллаҳи Русияро барои пешгирӣ аз эҳтимоли ҳамлаҳои густардаи режими Киев ба инфрасохтори ғайринизомӣ ва сокинони шаҳракҳои Донбасс ва манотиқи дигар афзоиш диҳад. Вазорати дифоъ хабар дод, ки Шойгу гуруҳҳои нерӯҳои русии “Ҷануб” ва “Марказ”-ро, ки супоришҳои амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро иҷро мекунанд, тафтиш кардааст. Вазир гузориши фармондеҳи гурӯҳҳо дар бораи вазъияти ҳозира, характери амалиёти душман ва рафти иҷрои вазифаҳои ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Русияро шунидааст.Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро ба манзури нозизудоӣ ва безарарсозӣ анҷом медиҳад. Артиши Русия дар вилояти Запарожеи Украина 140 ҷангҷӯро нобуд карданд: видеои зарбаҳоВладимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Артиши Русия якҷо бо нерӯҳои ҶМД ва ҶМЛ ва як қисми муҳими Донетскро комилан озод кард. Донетск боз гулӯлаборон шуд. Зарбаи артиши Украина ба вокзали автобус - видеоДар баробари ин нерӯҳои Украина шаҳру деҳоти ҶМД ва ҶМЛ-ро пайваста тирборон карда, инчунин ба хоки озодшудаи вилоятхои Херсон, Запороже ва Харков, аз ҷумла бо истифода аз мушакҳои баллистикии "Точка-У" ва HIMARS MLRS зарба мезананд. Қурбониёни ин ҳамлаҳо умдатан сокинони мулкӣ ҳастанд.
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041982283_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_8bd0939ae949cc515da421adf2a8c714.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижаи русия, дастур, шойгу, ҳамла
амалиёти вижаи русия, дастур, шойгу, ҳамла
Дастури Шойгу барои пурзӯр кардани амалиёт ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Киев
Раҳбари вазорати дифои Федератсияи Русия амалиёти нерӯҳои низомии Русияро, ки супоришҳои амалиёти вижаро иҷро мекунанд, тафтиш кард
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дастур дод, ки иқдомоти нерӯҳои мусаллаҳи Русияро барои пешгирӣ аз эҳтимоли ҳамлаҳои густардаи режими Киев ба инфрасохтори ғайринизомӣ ва сокинони шаҳракҳои Донбасс ва манотиқи дигар афзоиш диҳад.
Вазорати дифоъ хабар дод, ки Шойгу гуруҳҳои нерӯҳои русии “Ҷануб” ва “Марказ”-ро, ки супоришҳои амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро иҷро мекунанд, тафтиш кардааст.
Вазир гузориши фармондеҳи гурӯҳҳо дар бораи вазъияти ҳозира, характери амалиёти душман ва рафти иҷрои вазифаҳои ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Русияро шунидааст.
Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро ба манзури нозизудоӣ ва безарарсозӣ анҷом медиҳад.
Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Артиши Русия якҷо бо нерӯҳои ҶМД ва ҶМЛ ва як қисми муҳими Донетскро комилан озод кард.
Дар баробари ин нерӯҳои Украина шаҳру деҳоти ҶМД ва ҶМЛ-ро пайваста тирборон карда, инчунин ба хоки озодшудаи вилоятхои Херсон, Запороже ва Харков, аз ҷумла бо истифода аз мушакҳои баллистикии "Точка-У" ва HIMARS MLRS зарба мезананд.
Қурбониёни ин ҳамлаҳо умдатан сокинони мулкӣ ҳастанд.