Дар Тоҷикистон талоқу таваллуд зиёд ва издивоҷу марг кам шудааст

© Sputnik / Стас ЭтвешСсора, архивное фото
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Сар аз аввали соли ҷорӣ дар кишвар шумораи издивоҷу марг кам, аммо ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо ва таваллуд афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Музаффар Ашуриён, вазири адлияии Тоҷкишвар мегӯяд, давоми шаш моҳи соли 2021 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 266 ақди никоҳ сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% камтар аст. Зарфи шаш моҳи соли 2021 дар кишвар 32 ҳазору 489 адад акти никоҳ сбт шуда буд.
Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вазорат мегӯяд, баръакси коҳиши издивоҷ азҳампошии оилаҳо ва таваллуд зиёд шудааст.
Гуфта мешавад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 7265 ҳолати ҷудошавии оилаҳои ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 789 адад ва ё 12% зиёд мебошад.
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Дар Хатлон талоқ зиёд шудааст
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамзамон дар ин муддат дар кишвар 111,5 ҳазору кӯдак таваллуд шудааст, ки 6% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи соли 2021 ба 104 ҳазору 141 нафар баробар буд.
Ҳамзамон, ин ниҳод аз коҳиши шумораи фавтҳо дар давраи ҳисоботӣ гуфт. Ба иттилои манбаъ дар ин давра дар кишвар 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 5% кам аст.
Лентаи хабарҳо
0