https://sputnik.tj/20220715/tavallud-tojikiston-afzoish-1050021932.html
Фарзанд атои Худо: теъдоди навзодон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Фарзанд атои Худо: теъдоди навзодон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Омор ҳокӣ ҳаст, ки дар солҳои охир сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар ба маротиб боло рафтааст - аз ин коҳиши фавт миёни тоҷикон шаҳодат медиҳад
2022-07-15T16:53+0500
2022-07-15T16:53+0500
2022-07-15T20:20+0500
дар тоҷикистон
зоиш
таваллуд
фарзанд
омор
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/48/1031494891_0:0:3089:1737_1920x0_80_0_0_34bb80253bd1f8182e2fc51ef5c43b71.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён гуфт, дар 6 моҳи соли 2022 теъдоди кӯдакони навзод дар кишвар афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, шумораи фавтидагон кам шудааст, гуфт ӯ. Дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 5% камтар аст. Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон – аз 5,5 миллион ба 9,8 миллион нафар, расид, яъне 1,8 баробар афзуд. Тибқи пешгӯии коршиносон, то соли 2022 аҳолии ҷумҳурӣ ба 10 миллион нафархоҳад расид.Дар Хатлон талоқ зиёд шудааст"Афзоиши дарозумрӣ дар кишвари мо ба рушди иқтисод, коҳиши марги кӯдакон ва аҳолии қобили меҳнат ва коҳиши истеъмоли машрубот ва тамоку иртибот дорад", - гуфт Ашӯриён. Илова бар ин, ба гуфтаи вазир, вазъи кунунӣ ба шарофати "инқилоби дилу рагҳо" имконпазир гардид, ки муборизаи бомуваффақиятро бо бемориҳои дил ва рагҳои хун, аз ҷумла инсултро таъмин кард. Дар Тоҷикистон талоқу таваллуд зиёд ва издивоҷу марг кам шудаастВай ҳамчунин қайд кард, ки куштор ва худкушӣ ҳам дар кишвар кам шудааст. Вазир аз бад шудани вазъияти талоқ изҳори нигаронӣ кард. Вай таъкид кард, ки дар шаш моҳи соли 2022 дар кишвар 7265 ҳодисаи пошхӯрии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 12% зиёд аст. Қатъи ақди никоҳ бештар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/48/1031494891_81:0:2812:2048_1920x0_80_0_0_d4c64f5dfa1b5060310a5b2559d7c49d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таваллуди фарзанд, афзоиш, тоҷикистон
таваллуди фарзанд, афзоиш, тоҷикистон
Фарзанд атои Худо: теъдоди навзодон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
16:53 15.07.2022 (Навсозишуда: 20:20 15.07.2022) Омор ҳокист, ки дар солҳои охир сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон ба маротиб боло рафтааст. Коҳиши фавт миёни тоҷикон аз ин шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён гуфт, дар 6 моҳи соли 2022 теъдоди кӯдакони навзод дар кишвар афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, шумораи фавтидагон кам шудааст, гуфт ӯ.
Дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 5% камтар аст.
Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон – аз 5,5 миллион ба 9,8 миллион нафар, расид, яъне 1,8 баробар афзуд.
Тибқи пешгӯии коршиносон, то соли 2022 аҳолии ҷумҳурӣ ба 10 миллион нафархоҳад расид.
"Афзоиши дарозумрӣ дар кишвари мо ба рушди иқтисод, коҳиши марги кӯдакон ва аҳолии қобили меҳнат ва коҳиши истеъмоли машрубот ва тамоку иртибот дорад", - гуфт Ашӯриён.
Илова бар ин, ба гуфтаи вазир, вазъи кунунӣ ба шарофати "инқилоби дилу рагҳо" имконпазир гардид, ки муборизаи бомуваффақиятро бо бемориҳои дил ва рагҳои хун, аз ҷумла инсултро таъмин кард.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки куштор ва худкушӣ ҳам дар кишвар кам шудааст. Вазир аз бад шудани вазъияти талоқ изҳори нигаронӣ кард.
Вай таъкид кард, ки дар шаш моҳи соли 2022 дар кишвар 7265 ҳодисаи пошхӯрии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 12% зиёд аст.
Қатъи ақди никоҳ бештар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба қайд гирифта шудааст.