Рақибони ҷудокорони тоҷик дар сабқати "Zagreb Grand Prix 2022" муайян шуданд

© Sputnik / Международная федерация дзюдоМеждународный турнир по дзюдо
Международный турнир по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Рақибони варзишкорони тоҷик дар сабқати ҷудои "Zagreb Grand Prix 2022" аз ИМА, Сербистон, Гурҷистон ва Лаҳистону Латвия хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҳарифони варзишгарони тоҷик дар сабқати ҷудои "Zagreb Grand Prix 2022" баъди баргузории маросими қуръакашӣ муайян шуданд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа дар вазнҳои то 60 ва 66 кило чаҳор нафар паҳлавонони тоҷик ҳунарнамоиро оғоз мекунанд.
Ҳамин тавр, Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то -60 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо варзишгари амрикоӣ Ҷакоб Море рақобат мекунад.
Муҳаммадсолеҳ Қувватов низ, дар вазни то 60 кг, дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудокори гурҷӣ Гиоргий Сардалашвили ба майдон мебарояд.
Варзишгари ҷавони тоҷик Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дигар бо ҷуфти Леон Дапик ва Фрйер Михаел қувва меозмояд.
Алиҷон Сафаров дар вазни то 66 кг дар даври аввал бо ҷудочии сербӣ Страҳинҷа Бункик сабқат мекунад.
Варзишгари дигари кишварамон Наврӯз Каримзод дар вазни то 73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷуфти Роберт Класар ва Ксавери Морка рақобат мекунанд.
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Устопириён осеб дидаст ва ба "Zagreb Grand Prix 2022" намеравад
Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо варзишгари лаҳистонӣ Себастиян Маркинкиевич рӯи татамӣ нерӯсанҷӣ мекунад.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то -90 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Алексейс Зарудневс аз Латвия қувваозмоӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Комроншоҳи Устопириён, варзишкори шинохтаи тоҷик ба сабаби осеб дидани пояш наметавонад, дар сабқати ҷудои "Zagreb Grand Prix 2022" иштирок кунад.
Ҳамин тавр, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 7 нафар варзишгар муаррифӣ мекунанд.
Паҳлавонони тоҷик ба сабқати ҷудои "Zagreb Grand Prix 2022" мераванд
Варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700, дуюм — 490 ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.
Сабқат аз 15 то 17 июли соли равон дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи "Zagreb Grand Prix 2022" баргузор мешавад.
Мусобиқа 3 рӯз идома ёфта, дар он ширкати 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0