Прокуратураи генералӣ алайҳи 20 ҳазор тоҷикистонӣ парвандаи маъмурӣ боз кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото
Здание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз фаъолияти нимсолаи худ дар соли 2022 гузориш дод. Ин ниҳод нисбати беш аз 20 ҳазор нафар парвандаи маъмурӣ кушодааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тибқи гузориши Прокуратураи генералӣ дар давоми 6 моҳ дар Тоҷикистон, 20 424 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Ҳамин тавр, дар маҷмуъ мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 4161 санҷишҳо гузаронидааст.
Дар паи баргузории санҷишҳо, ҳуқуқу манфиатҳои 141 951 шаҳрвандро барқарор кардаст.
Баҳри бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо бошад, 62 176 санади эътиноӣ, аз ҷумла 12 747 амр, 5 796 пешниҳод бароварда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 9 292эътироз оварда, 54 541 санади ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ қабул намудаанд.
Аз натиҷаи баррасии онҳо 9 079 ба ҷавобгарии интизомӣ, 4 838 ба ҷавобгарии ба ҷавобгарии моддӣ ва 20 424 ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 2487 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон
Дар натиҷа 577,3 миллион сомонӣ зарар, аз он 313,5млн ба буҷаи давлат барқарор ва 11 186 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Ҳамчунин, бино ба гузориши прокуратураи генералӣ, давоми шаш моҳи сипаришуда, 462 шаҳрвандон ба қабули шахсӣ пазируфта шуда, тавассути телефони боварӣ 45 муроҷиатҳои шифоҳӣ ва тариқи интернет - қабулгоҳи прокуратураи генералӣ 61 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва чораҷӯӣ карда шудаанд.
Ошкор шудани заминфурӯшӣ дар шаҳри Турсунзода
Ба мақомот 20 ҳазору 834 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 1732 шаҳрвандони барқарор карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0