https://sputnik.tj/20220715/nigaroni-rahmon-khonasozi-jinoyatkoron-dushanbe-1050023434.html
Нигаронии Раҳмон: Аз "хонасозии ҷинояткорон" дар атрофи Душанбе то қонуншикании раисон
Нигаронии Раҳмон: Аз "хонасозии ҷинояткорон" дар атрофи Душанбе то қонуншикании раисон
Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани қариб як ҳазор қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ хабар дод, ки аксарияташон марбути заминанд
2022-07-15T17:35+0500
2022-07-15T17:35+0500
2022-07-15T19:07+0500
дар тоҷикистон
хона
юсуф раҳмон
замин
парванда
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/14/1022991481_0:397:6016:3781_1920x0_80_0_0_1801b6603ee70d5dab083e6b53f82f4d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Додситонҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 924 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро ошкор кардаанд, ки беш аз 80%-ашон ба замин рабт доранд. Ин нуктаро Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошта, афзуд, ки қонунвайронкунӣ дар муомилот бо замин идома ёфта истодаанд. Вай илова намуд, ки бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар ин самт гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Ба иттилои додситонӣ, гуруҳҳои мазкур тайи ду моҳи охир 483 ҳолати худсарона ишғол ва тақсими заминро ба масоҳати 32,4 гектар ба қайд гирифтаанд. Аз ҷумла ба ноҳияи Варзоб - 8,3 гектар, дар Рӯдакӣ 8,4 гектар, Ваҳдат - 5,2 гектар, Ҳисор - 5 гектар, ноҳияи Сино - 3,6 гектар, Шоҳмансур - 2,1 гектар ва Исмоили Сомонӣ - 0,6 гектар ошкор шудааст. Ба иттилои Юсуф Раҳмон дар заминҳои мазкур, 483 иншооти ғайриқонунӣ бунёдгардида, аз ҷумла 172 хонаи истиқоматӣ 73 сохтмони нотамом бартараф карда шуда, 63 қитъаи замин аз масолеҳи сохтмонӣ тоза гардидаанд. Дар маҷмуъ ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон 11 ҳазору 186 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
https://sputnik.tj/20220322/vokunish-rustami-emomali--zaminfurushi-raison-1046994295.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/14/1022991481_661:0:6016:4016_1920x0_80_0_0_6a727c3c9f21713a7f7a6b99e35358bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабт, садҳо, қарор, ғайриқонунӣ, раисон, тоҷикистон
сабт, садҳо, қарор, ғайриқонунӣ, раисон, тоҷикистон
Нигаронии Раҳмон: Аз "хонасозии ҷинояткорон" дар атрофи Душанбе то қонуншикании раисон
17:35 15.07.2022 (Навсозишуда: 19:07 15.07.2022) Додситони кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани қариб як ҳазор қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ хабар дод, ки аксарияташон марбути заминанд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Додситонҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 924 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро ошкор кардаанд, ки беш аз 80%-ашон ба замин рабт доранд.
Ин нуктаро Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошта, афзуд, ки қонунвайронкунӣ дар муомилот бо замин идома ёфта истодаанд.
"Худсарона ишғол намудани замин ва бунёди хонаҳо аз тарафи ашхоси ҷинояткор, алалхусус дар теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо зиёд аст", - таъкид кард ӯ.
Вай илова намуд, ки бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар ин самт гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.
Ба иттилои додситонӣ, гуруҳҳои мазкур тайи ду моҳи охир 483 ҳолати худсарона ишғол ва тақсими заминро ба масоҳати 32,4 гектар ба қайд гирифтаанд.
Аз ҷумла ба ноҳияи Варзоб - 8,3 гектар, дар Рӯдакӣ 8,4 гектар, Ваҳдат - 5,2 гектар, Ҳисор - 5 гектар, ноҳияи Сино - 3,6 гектар, Шоҳмансур - 2,1 гектар ва Исмоили Сомонӣ - 0,6 гектар ошкор шудааст.
Ба иттилои Юсуф Раҳмон дар заминҳои мазкур, 483 иншооти ғайриқонунӣ бунёдгардида, аз ҷумла 172 хонаи истиқоматӣ 73 сохтмони нотамом бартараф карда шуда, 63 қитъаи замин аз масолеҳи сохтмонӣ тоза гардидаанд.
Дар маҷмуъ ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон 11 ҳазору 186 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.