Баррасии масъалаи истихроҷ ва воридоти нафту гази Қазоқистон ба Тоҷикистон

© SputnikМинистр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума,
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар бо ҳамтои қазоқаш масъалаи истихроҷ, коркард ва воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Тоҷикистону Қазоқистон татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи обу энергетика суръат мебахшанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Ин масъала дар мулоқоти Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо Болат Акчулаков, вазири энергетикаи Қазоқистон баррасӣ шудааст.
Мулоқоти мазкур дар ҳошияи ҷаласаи 60- уми Шӯрои энеретикии ИДМ баргузор шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Қазоқистонро дар бахши обу энергетика баррасӣ карданд.
Нефть, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Вазорат гуфт, Тоҷикистон чӣ қадар нафт истеҳсол ва чӣ қадар воридот кардааст
Ҳамзамон таъкид карда шудааст, ки вазири тоҷик бо ҳамтои қазоқаш масъалаи, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди энергияи сабз бо назардошти неругоҳҳои сохташудаи хурду миёна, сохтмони неругоҳҳои нав, пайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ташкили бозори минтақавӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон муҳокима кард.
Таъкид карда шудааст, ки дар мулоқот Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода низ иштирок дошт.
Лентаи хабарҳо
0