https://sputnik.tj/20220715/internet-tojikiston-arzontar-qiyos-narkh-om-1050016334.html
Дар Тоҷикистон 25 баробар арзон: нархи интернет дар Осиёи Марказӣ
Дар Тоҷикистон 25 баробар арзон: нархи интернет дар Осиёи Марказӣ
Sputnik Тоҷикистон
Муқоисаи нархи интернет дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки арзиши интернет дар Туркманистон дар қиёс бо Тоҷикистон қариб 25 баробар гаронтар аст
2022-07-15T14:55+0500
2022-07-15T14:55+0500
2022-07-15T20:01+0500
тасвирбаён
нарх
интернет
осиёи марказӣ
муқоиса
арзон
гарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/0f/1050012925_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_4d7b925c3bc55771bc1ff41e8ad22cac.png
Қиёси нархи интернет дар Осиёи Марказӣ ва Русия нишон медиҳад, ки Тоҷикистон радаи миёна қарор дорад.Бар асоси гузориши пойгоҳи numbeo.com нархи моҳонаи интернети ноқилии бемаҳдуд бо суръати 60 Мбит/сония аз ҳама арзон дар Русия 8,8 доллар ва аз ҳама гарон дар Туркманистон ҳудуди 339,1 доллар мебошад.Ин нишондод дар Қазоқистон – 10,6 доллар, дар Тоҷикистон - 13,8, Қирғизистон – 14,1 ва Ӯзбекистон – 18,6 доллар арзёбӣ шудааст.Ин дар ҳолест, ки ахиран роҳбарияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки суръати воридшавии интернет ба кишвар зиёд карда шудааст.Азми бунёди бисёрошёнаҳо дар Тоҷикистон ва ҳифзи суръати интернетИлҳомҷон Атоев, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти ахири матбуотӣ дар Душанбегуфт, нимсолаи аввали соли равон суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ ба 100 Гбит/сония баробар карда шудааст, ки дар қиёс бо соли қаблӣ зиёд мебошад.Вай афзуд, ки дар соли 2021 суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ 70 Гбит/сонияро ташкил медод.Ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумори истифодабарандагони интернет, ҳам собит ва ҳам мобилӣ 4,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/0f/1050012925_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_21caba73fb5e232e2f0c3bc76e85e5d0.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қиёс, нарх, интернет, осиёи марказӣ, арзон
қиёс, нарх, интернет, осиёи марказӣ, арзон
Дар Тоҷикистон 25 баробар арзон: нархи интернет дар Осиёи Марказӣ
14:55 15.07.2022 (Навсозишуда: 20:01 15.07.2022) Муқоисаи нархи интернет дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки арзиши интернет дар Туркманистон дар қиёс бо Тоҷикистон қариб 25 баробар гаронтар аст
Қиёси нархи интернет дар Осиёи Марказӣ ва Русия нишон медиҳад, ки Тоҷикистон радаи миёна қарор дорад.
Бар асоси гузориши пойгоҳи numbeo.com нархи моҳонаи интернети ноқилии бемаҳдуд бо суръати 60 Мбит/сония аз ҳама арзон дар Русия 8,8 доллар ва аз ҳама гарон дар Туркманистон ҳудуди 339,1 доллар мебошад.
Ин нишондод дар Қазоқистон – 10,6 доллар, дар Тоҷикистон - 13,8, Қирғизистон – 14,1 ва Ӯзбекистон – 18,6 доллар арзёбӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран роҳбарияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки суръати воридшавии интернет ба кишвар зиёд карда шудааст.
Илҳомҷон Атоев, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти ахири матбуотӣ дар Душанбегуфт, нимсолаи аввали соли равон суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ ба 100 Гбит/сония баробар карда шудааст, ки дар қиёс бо соли қаблӣ зиёд мебошад.
Вай афзуд, ки дар соли 2021 суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ 70 Гбит/сонияро ташкил медод.
Ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумори истифодабарандагони интернет, ҳам собит ва ҳам мобилӣ 4,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.