https://sputnik.tj/20220715/daryoi-zarafshon-moshin-dulan-furu-burd-video-1050024660.html
Дарёи Зарафшон мошини “Дулан”-ро "фурӯ" бурд – видео
Дарёи Зарафшон мошини “Дулан”-ро "фурӯ" бурд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Корбарони шабакаҳои интернетӣ навореро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд, ки он дар бораи чи гуна ба қаъри дарё фуру рафтани як автомашинаи боркаши тамғаи Дулан мегуяд
2022-07-15T19:20+0500
2022-07-15T19:20+0500
2022-07-15T20:27+0500
дар тоҷикистон
дарё
зарафшон
мошини боркаш
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳодиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/10/1015711002_0:145:3124:1902_1920x0_80_0_0_0c178c426fc76b87cfe6fa6037355bd6.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Дар видео дида мешавад, ки дарё автомашинаро ибтидо оҳиста оҳиста такон дода дар ниҳоят ба қаъри худ мекашад.Ронандагоне, ки аз баланди аз канори роҳ ин манзара дида аз фурӯравии "Дулан" ба қаъри дарё изҳори таасуф мекунанд.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зимни таҳқиқ маълум намуд, ки ин ҳодиса чи вақт рух додаасту ронандаи Дулан кист ва оё ба ӯ осеб расидааст ё не.Мирзошо Мирзошоҳиён, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Айнӣ зимни суҳбат гуфт, ки ҳодисаи ба умқи дарё фуруравии автомашинаи боркаш субҳи рӯзи 4 июл рух додааст.Бино ба иттилоъи манбаъ автомашинаи боркаши тамғаи Хова (Дулан, таҳти идораи ронанда Салимов Қурбоналӣ, сокини шаҳри Турсунзода қарор доштааст.Сардори КҲФ гуфт, хушбахтона ба худи Салимов осеб нарасидааст ва ӯ дар вақти фуруравии мошин ба дарё тавонистааст, ки худро ба берун гирад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/10/1015711002_198:0:2927:2047_1920x0_80_0_0_46c3e59adaa9d1e9c8c8e357c9d045c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, зарафшон, мошин, дулан, фуру бурд, дарё, мошини боркаш
тоҷикистон, зарафшон, мошин, дулан, фуру бурд, дарё, мошини боркаш
Дарёи Зарафшон мошини “Дулан”-ро "фурӯ" бурд – видео
19:20 15.07.2022 (Навсозишуда: 20:27 15.07.2022) Корбарони шабакаҳои интернетӣ видеоеро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд, ки он аз ба қаъри дарё фурӯ рафтани як мошини боркаши тамғаи "Дулан" мегӯяд
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Дар видео дида мешавад, ки дарё автомашинаро ибтидо оҳиста оҳиста такон дода дар ниҳоят ба қаъри худ мекашад.
Ронандагоне, ки аз баланди аз канори роҳ ин манзара дида аз фурӯравии "Дулан" ба қаъри дарё изҳори таасуф мекунанд.
Хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон зимни таҳқиқ маълум намуд, ки ин ҳодиса чи вақт рух додаасту ронандаи Дулан кист ва оё ба ӯ осеб расидааст ё не.
Мирзошо Мирзошоҳиён, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Айнӣ зимни суҳбат гуфт, ки ҳодисаи ба умқи дарё фуруравии автомашинаи боркаш субҳи рӯзи 4 июл рух додааст.
“Ҳодиса ҳангоми кашонидани ангишт аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар километри 24 уми роҳи миёни ин ва ноҳояи Айнӣ рух додааст”, иброз намуд, сардори КҲФ.
Бино ба иттилоъи манбаъ автомашинаи боркаши тамғаи Хова (Дулан, таҳти идораи ронанда Салимов Қурбоналӣ, сокини шаҳри Турсунзода қарор доштааст.
Сардори КҲФ гуфт, хушбахтона ба худи Салимов осеб нарасидааст ва ӯ дар вақти фуруравии мошин ба дарё тавонистааст, ки худро ба берун гирад.