https://sputnik.tj/20220714/tojikiston-vetnam-hamkori-1050001184.html
Эҳтирому эътимод: Эмомалӣ Раҳмон ва Суан Фук ҳамдигарро шодбош гуфтанд
Эҳтирому эътимод: Эмомалӣ Раҳмон ва Суан Фук ҳамдигарро шодбош гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард, ки миёни кишвар ва Вейтнам шарикии бисёрҷониба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманд ташаккул ёфтаанд
2022-07-14T18:33+0500
2022-07-14T18:33+0500
2022-07-14T20:07+0500
президент
дар тоҷикистон
ветнам
номаи шодбошӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047263503_0:100:2048:1252_1920x0_80_0_0_3b89f4b455b5d6fe90fd7b01278e3c05.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури Ветнам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30 - солагии барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар ҳамдигарро шодбош гуфтанд.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, ҳамтои вейтнамии худро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ табрик гуфт.Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ кард, ки миёни кишвар ва Ветнам шарикии бисёрҷониба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманд ташаккул ёфтаанд, ки эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ хоси онҳо мебошанд.Кишвардори Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки дар оянда низ бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории муфидро тавсеа бахшида, ба зинаҳои боз ҳам болотар мебароранд.Президенти Ветнам Нгуен Суан Фук низ Эмомалӣ Раҳмонро муборакбод гуфта, аз рушди ҳамкорию таҳкими дӯстӣ изҳори хушнудӣ кардааст.Раҳмон ба СММ гуфт, чӣ Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил медиҳад"Мо, ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, доимо аҳамияти муҳим медиҳем. Бовар дорем, ки бо мавҷудияти иродаи нек ва қатъияти сиёсии ду ҷониб ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар оянда низ ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду халқ ва ба хотири сулҳу субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон босамар роҳандозӣ хоҳанд шуд", - омадааст дар номаи президенти Вейтнам.Суан Фук ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандӣ, саодату муваффақиятҳои беш аз пеш таманно кардааст.
ветнам
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047263503_123:0:1926:1352_1920x0_80_0_0_0ebbd7db6b6fa5e0b4441e0b21630eb5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президенти тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, кишвардор
президенти тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, кишвардор
Эҳтирому эътимод: Эмомалӣ Раҳмон ва Суан Фук ҳамдигарро шодбош гуфтанд
18:33 14.07.2022 (Навсозишуда: 20:07 14.07.2022) Президенти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард, ки миёни кишвар ва Ветнам шарикии бисёрҷониба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманд ташаккул ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури Ветнам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30 - солагии барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар ҳамдигарро шодбош гуфтанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, ҳамтои вейтнамии худро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ табрик гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ кард, ки миёни кишвар ва Ветнам шарикии бисёрҷониба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманд ташаккул ёфтаанд, ки эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ хоси онҳо мебошанд.
"Ҷониби Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими минбаъдаи ин муносибатҳо буда, ба ояндаи онҳо диди нек дорад", - гуфтааст президенти Тоҷикистон.
Кишвардори Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки дар оянда низ бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории муфидро тавсеа бахшида, ба зинаҳои боз ҳам болотар мебароранд.
Президенти Ветнам Нгуен Суан Фук низ Эмомалӣ Раҳмонро муборакбод гуфта, аз рушди ҳамкорию таҳкими дӯстӣ изҳори хушнудӣ кардааст.
"Мо, ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, доимо аҳамияти муҳим медиҳем. Бовар дорем, ки бо мавҷудияти иродаи нек ва қатъияти сиёсии ду ҷониб ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар оянда низ ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду халқ ва ба хотири сулҳу субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон босамар роҳандозӣ хоҳанд шуд", - омадааст дар номаи президенти Вейтнам.
Суан Фук ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандӣ, саодату муваффақиятҳои беш аз пеш таманно кардааст.