Талхиҳои бозори шакар дар Тоҷикистон

© AP / Matt RourkeЛожка сахара, архивное фото
Ложка сахара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Тайи ним соли гузашта дар Тоҷикистон воридоти шакар кам гардидаву қимати он боло рафтааст, вазъияти амниятии Афғонистон эҳтимол боз ба гаронии он сабаб шавад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар пайи буҳрони Украина масири воридоти шакар ба Тоҷикистон аз шимол ба ҷануб тағйир кардааст. Ҳоло Ҳиндустон дар ин бозор пешгом аст, ки ба далели ноамниҳо дар шимоли Афғонистон эҳтимол дорад воридот аз ин кишвар низ дастхуши ҳаводис шавад.
Бино ба маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон дастрас кард, тайи чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар сафи кишварҳои воридкунандаи шакар ба Тоҷикистон тағйир ба вуҷуд омадааст.
Ҳоло 27,3 ҳазор ё 83%-и воридот ба Ҳиндустон, 25, 3 ҳазор тон (10,7%) ба Белорус, 16,5 тон (5,9%) ба Русия ва 255 тон ба дигар кишварҳо рост меояд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Тоҷикистон аз Ҳиндустон 55,3%, Русия - 18%, Озарбойҷон - 9,8%, Белорус - 7,3%, Украина - 6,4%, Қазоқистон - 2,2% ва ҳудуди 1% аз дигар кишварҳо шакар ворид карда буд.
Сахар песок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Русия содироти шакар ба Тоҷикистонро мутаваққиф кард: сабаб
Омор ҳамзамон аз коҳиши ҳаҷми воридот ва афзойиши нархи воридотии шакар ривоят мекунад.
Тайи чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 31,7 ҳазор тон шакар ба маблағи 19,2 миллион доллар бо нархи миёнаи 605 доллар барои як тонна ворид гардидааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта воридоти шакар 38,7 ҳазор тон ба маблағи 19,6 миллион доллар бо нархи миёнаи 507 доллар барои як тоннаро ташкил мекард.
Тавре аён аст, дар қиёс бо як соли гузашта воридоти шакар 7 ҳазор тон коҳиш ва арзиши воридотии як тонна 98 доллар афзоиш ёфтааст.
Барои муқоиса, тибқи иттилоъи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли гузашта ба кишвар 144,2 ҳазор тон шакар ба қимати 57,1 миллион доллар ворид шудааст.
Бино ба таҳлилҳои расмӣ, дар пайи буҳрони Украина воридоти шакар дар соли 2022 дар қиёс ба соли 2021 аз Белорус, Украина ва Русия 10,9 ҳазор тон кам шуда, воридоти он аз Ҳиндустон, ки тариқи гузаргоҳи марзии “Шерхон Бандар” – и Афғонистон ва “Панҷи Поён” – и Тоҷикистон сурат мегирад, афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, маълумоте, ки тариқи расонаҳо аз Ҳиндустон пахш мешавад, ноумедкунандаанд.
Вазорати савдо ва саноати Ҳиндустон хабар додааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз болоравии нархи шакар дар бозори дохилӣ аз 1 июни соли равон ба содиротии шакар маҳдудият ҷорӣ намудааст.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2020
Баъди равғану шакар: ҷаҳиши нархи орд дар Панҷакент
Ин кишвар, ки содироти шакар ба кишварҳои хориҷро то 10 миллион тон пешбинӣ намуда буд, моҳи майи соли ҷорӣ онро ба 7,5 миллион тон коҳиш дод ва қарор аст, пас аз ваъзи маҳдудият то моҳи сентябр аз 2,5 миллион тон зиёд содир накунад.
Гузашта аз ин, он чӣ бар содироти шакар аз ин кишвар ва камбуду қиматшавии он дар Тоҷикистон метавонад таъсир гузорад, эҳтимоли афзоиши ноамниҳо дар шимоли Афғонистон – масири аслии воридоти он аст.
Дар пайи коҳиш ёфтани содироти шакар теъдоди муассисаву ширкатҳои воридкунадагони он дар Тоҷикистон низ коҳиш ёфта, моҳҳои январ-апрели соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз 35 ба 24 адад кам шудаанд.
Ҳоло воридкунандагони асосии шакар ба Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” (35,7%), Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон (14,9%), ширкатҳои “Сорои Сафар” (14,8%), “Оби Зулол” (13,8%) ва Фабрикаи қаннодии “Амирӣ” (13,5%) ба ҳисоб мераванд.
Поднос с сахарницей, чайником и лимоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Камбуди шакар дар Қазоқистон: мақомот сабабашро шарҳ дод
Бино ба маълумоти мавҷуд дар моҳи апрели соли ҷорӣ арзиши миёнаи гумрукии воридотии шакар то 606 доллар барои як тоннаро ташкил медод. Дар ин замина нархи фурӯши чаканаи 1 кг шакар бо назардошти хароҷоти муомилотӣ, 10% болонархӣ ва 15% андоз аз арзиши иловашуда метавонад аз 10,09 то 10,87 сомонӣ ҳисоб шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба ҳолати имрӯза нархи фурӯши чаканаи 1 кг шакар дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон аз 11 то 13 сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0