https://sputnik.tj/20220714/putin-sozishnoma-nafaqa-tojikiston-imzo-1049992232.html
Путин Қонун дар бораи тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи нафақаро имзо кард
Путин Қонун дар бораи тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи нафақаро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Қонун дар бораи таъмини нафақа байни ду кишвар дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шудааст, ки иддае аз муҳоҷиронро ҳуқуқ медиҳад, нафақ гиранд 14.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-14T14:37+0500
2022-07-14T14:37+0500
2022-07-14T15:13+0500
дар русия
дар тоҷикистон
нафақа
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/16/1049426602_0:188:3071:1916_1920x0_80_0_0_4fff1d790dfc3e4a81d1d06d6d4e8475.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Қонун дар бораи тасвиби созишномаи миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи нафақаро имзо кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.Созишнома ба шахсоне дахл дорад, ки худ ва аъзои хонаводаи онҳо шаҳрванди Русияву Тоҷикистон ҳастанд. Инчунин зикр мегардад, ки предмети созишнома тамоми намуди нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои ҷамъшаванда ва дигар пардохтҳо аз пасандозҳои нафақавӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои дафнро дар бар мегирад.Созишнома 15 сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд. Дар маводҳои тавзеҳдиҳии ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки дар Русия ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа суғуртаи пиронсолиӣ арзиши коэффисенти нафақаи индивидуалӣ барои давраҳои коре, ки дар Русия ва ҶФСРШ гирифта шудааст, муайян карда мешавад.Қаблан порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ созишнома бо Русия дар бораи нафақаи муҳоҷиронро ба тасвиб расонд.Ба ин тартиб, муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд аз фонди Русия нафақа дарёфт кунанд. Дар баробари ин, онҳо бояд расман бо кор таъмин бошанд ва ба Хазинаи нафақаи Русия маблағ гузоранд.
https://sputnik.tj/20220709/sozishnoma-nafaqa-tojikiston-1049877627.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/16/1049426602_457:205:2914:2048_1920x0_80_0_0_e65b9e875fb7705dd606af61ad652ea2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, дар тоҷикистон, нафақа, муҳоҷират
дар русия, дар тоҷикистон, нафақа, муҳоҷират
Путин Қонун дар бораи тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи нафақаро имзо кард
14:37 14.07.2022 (Навсозишуда: 15:13 14.07.2022) Қонун дар бораи таъмини нафақа байни ду кишвар дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шудааст, ки иддае аз муҳоҷиронро ҳуқуқ медиҳад, нафақ гиранд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Қонун дар бораи тасвиби созишномаи миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи нафақаро имзо кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Созишнома ба шахсоне дахл дорад, ки худ ва аъзои хонаводаи онҳо шаҳрванди Русияву Тоҷикистон ҳастанд.
Инчунин зикр мегардад, ки предмети созишнома тамоми намуди нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои ҷамъшаванда ва дигар пардохтҳо аз пасандозҳои нафақавӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои дафнро дар бар мегирад.
"Дар сурати кӯчидан ба ҷои истиқомати доимии шахси суғурташуда дар кишвари сеюм, пардохти нафақаи таъиншуда аз рӯи интихоби ӯ аз ҷониби тарафҳои шартномавие, ки онро таъин кардааст, идома дода мешавад", - қайд мекунанд муаллифон.
Созишнома 15 сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд. Дар маводҳои тавзеҳдиҳии ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки дар Русия ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа суғуртаи пиронсолиӣ арзиши коэффисенти нафақаи индивидуалӣ барои давраҳои коре, ки дар Русия ва ҶФСРШ гирифта шудааст, муайян карда мешавад.
Қаблан порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ созишнома бо Русия дар бораи нафақаи муҳоҷиронро ба тасвиб расонд.
Ба ин тартиб, муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд аз фонди Русия нафақа дарёфт кунанд. Дар баробари ин, онҳо бояд расман бо кор таъмин бошанд ва ба Хазинаи нафақаи Русия маблағ гузоранд.