Путин имзо кард: дар Русия ронандагони қонуншикан минбаъд ҳабс мешаванд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкРейд по проверке такси в Москве
Рейд по проверке такси в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Пас аз имзои як фармони кишвардори Русия қавонини ронандагӣ сангин шуданд. Ин тағйир ба ронандаҳое марбут аст, ки бидуни ҳуҷҷат пушти фармони мошин мешинанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Қавонини роҳ барои ронандагоне, ки бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ дар роҳҳои Русия мошин меронанд, шадид мешавад.
Кишвардори Русия, Владимир Путин дар ин робита аллакай фармони дахлдор имзо намудааст, ки матни он дар партали расмии иттилоотӣ нашр шудааст.
Бар тибқи ин фармон, ронандагоне, ки такроран аз сӯи нозирони роҳ бо ҷурми надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ боздошт мешаванд, минбаъд ҷаримаи ҳангуфт ва ҳамчунин аз озодӣ маҳрум мешаванд.
Гуфта мешавад, ҳамакнун ронандагоне, ки бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ мошинро идора мекунанд, ба маблағи то 250 ҳазор рубл ҷарима ва ҳамзамон то як сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд. Илова бар ин, пас аз адои муҳлати ҷазо, онҳо то ду сол ҳаққи кор кардан дар соҳаҳои муайянро надоранд.
Автомобильное движение на Боровицкой площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Дар таксиҳои Маскав тугмаи бонги хатар пайдо мешавад
Ронандаҳое, ки такроран бе доштани ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбараки мошин менишинанд, то 300 ҳазор рубл ҷарима ва ба муҳлати то ду сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта ба судҳо беш аз 100 ҳазор парванда оид ба рондани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби шахсони аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрумшуда ворид шудааст.
Дар соли 2020 афзоиши назарраси чунин ҳуқуқвайронкуниҳо ба қайд гирифта шудааст: судҳо беш аз 90 ҳазор парвандаро баррасӣ кардаанд, ки нисбат ба соли 2019, ки ҳудуди 72 ҳазор чунин парванда баррасӣ шуда буд, 25% зиёд аст.
Тавре ки дар тавзеҳот қайд карда шуд, чунин ҳодисаҳо бо дараҷаи хеле баланди вазнинии оқибатҳо тавсиф мешаванд, ҳар даҳуминронанда фавт мекунад.
Лентаи хабарҳо
0