https://sputnik.tj/20220714/prezident-shri-lanka-istefo-1050003276.html
Президенти Шри-Ланка тавассути почтаи электронӣ номаи истеъфо фиристод
Президенти Шри-Ланка тавассути почтаи электронӣ номаи истеъфо фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Шри-Ланка аризаи истеъфои худро тавассути почтаи электронӣ фиристодааст. Ӯ 13 июл дар паи тазоҳурот кишварро тарк кард
2022-07-14T20:20+0500
2022-07-14T20:20+0500
2022-07-14T20:20+0500
шри-ланка
президент
сиёсат
истеъфо
тазоҳурот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047799545_0:0:3069:1726_1920x0_80_0_0_d858c776a7b380cfb8bd1644735cc308.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Шри-Ланка Готабая Раҷапакса бо почтаи электронии раиси порлумони ин кишвар истеъфои худро фиристод, хабар медиҳад, РИА "Новости" бо такя ба расонаҳо. Эътирозҳои оммавӣ алайҳи ҳукумати президент Готабая Раҷапакса охири моҳи апрел дар Коломбо оғоз шуд. Тазоҳургарон ҳукуматро дар пешбурди сиёсати хатои иқтисодӣ муттаҳам мекунанд, ки боиси бадтарин буҳрони иқтисодӣ дар таърихи кишвар шудааст. Рӯзи шанбе, 9 июл эътирозгарон қароргоҳҳои раисиҷумҳур ва нахуствазири Шри-Ланкаро ишғол карданд. Раисҷумҳури Шри-Ланка ба нахуствазираш гуфтааст, ки истеъфо медиҳадСубҳи рӯзи чаҳоршанбе, 13 июл Раҷапакса, ки қаблан нияти истеъфои худро эълон карда буд, кишварро тарк кард. Эътирозҳо рӯзи чаҳоршанбе баъд аз он дубора авҷ гирифт, ки бар хилофи интизориҳои мухолифин, раисиҷумҳур истеъфои ваъдашударо ба раиси порлумон насупорид ва нахуствазир Ранил Викремесингҳеро, ки истеъфои ӯро низ мардум тақозо доранд, раисиҷумҳури муваққатӣ таъин кард. Ба гуфтаи манбаъ дар дафтари матбуот, талош доранд, то дурустии ин изҳоротро мушаххас кунанд.Гуруснагӣ, камбуди сӯзишворӣ ва доруворӣ дар Шри-Ланка: эътирозҳо алайҳи президент - аксДар ин росто, бо Прокурори генералӣ машваратҳо гузаронида мешаванд.
шри-ланка
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047799545_311:0:3042:2048_1920x0_80_0_0_6ee4f7dc6a6b59925409aafab376aba1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шри-ланка, президент, истеъфо,
шри-ланка, президент, истеъфо,
Президенти Шри-Ланка тавассути почтаи электронӣ номаи истеъфо фиристод
Раисиҷумҳури Шри-Ланка аризаи истеъфои худро тавассути почтаи электронӣ фиристодааст. Ӯ 13 июл дар паи тазоҳурот кишварро тарк кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Шри-Ланка Готабая Раҷапакса бо почтаи электронии раиси порлумони ин кишвар истеъфои худро фиристод, хабар медиҳад, РИА "Новости" бо такя ба расонаҳо.
Эътирозҳои оммавӣ алайҳи ҳукумати президент Готабая Раҷапакса охири моҳи апрел дар Коломбо оғоз шуд.
Тазоҳургарон ҳукуматро дар пешбурди сиёсати хатои иқтисодӣ муттаҳам мекунанд, ки боиси бадтарин буҳрони иқтисодӣ дар таърихи кишвар шудааст.
Рӯзи шанбе, 9 июл эътирозгарон қароргоҳҳои раисиҷумҳур ва нахуствазири Шри-Ланкаро ишғол карданд.
Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 13 июл Раҷапакса, ки қаблан нияти истеъфои худро эълон карда буд, кишварро тарк кард.
Эътирозҳо рӯзи чаҳоршанбе баъд аз он дубора авҷ гирифт, ки бар хилофи интизориҳои мухолифин, раисиҷумҳур истеъфои ваъдашударо ба раиси порлумон насупорид ва нахуствазир Ранил Викремесингҳеро, ки истеъфои ӯро низ мардум тақозо доранд, раисиҷумҳури муваққатӣ таъин кард.
"Президенти Шри-Ланка Готабая Раҷапакса ба унвони раиси порлумон номаи истеъфо фиристод", - омадааст дар изҳороти Reuters.
Ба гуфтаи манбаъ дар дафтари матбуот, талош доранд, то дурустии ин изҳоротро мушаххас кунанд.
Дар ин росто, бо Прокурори генералӣ машваратҳо гузаронида мешаванд.