https://sputnik.tj/20220714/kumita-andoz-kalontarin-qarzdor-1049982020.html
Кумитаи андоз бузургтарин қарздоронашро гуфт
Кумитаи андоз бузургтарин қарздоронашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи андози Тоҷикистон калонтарин қарздоронашро эълон кард, ки чун қабл бузургтарин нерӯгоҳҳои кишвар дар сабри ҷадвал қарор доранд
2022-07-14T11:18+0500
2022-07-14T11:18+0500
2022-07-14T13:52+0500
кумитаи андоз
нусратулло давлатзода
қарзҳо
иқтисод
буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102233/53/1022335388_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_94daf2e4fdd8a3ebc2293a9be799c7ca.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Нусратулло Давлатзода раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон ба 1002,9 миллион сомонӣ баробар шуд.Ба гуфти ӯ, ин нишондод дар қиёс бо аввали соли ҷорӣ 196,5 миллион сомонӣ зиёд шудааст.Ба иттилои Кумита, ҷамъоварии андоз дар сатҳи ҷумҳурӣ 101,8% иҷро шуда, ин ниҳод ба ҷойи 7 миллиарду 149,4 миллион сомонӣ 7 миллиарду 278,5 миллион сомонӣ ворид кардааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 129,1 миллион сомонӣ зиёд аст.Ин ниҳод мегӯяд, дар ин давра андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷавӣ иҷро нашуд.Ба гуфтаи ин ниҳод, маблағи зиёди қарзӣ ба НБО "Сангтуда-1" 245,6 миллион сомонӣ, НБО "Роғун" 55,8 миллион сомонӣ, ҶСК "Тоҷиктелеком" 123,3 миллион сомонӣ рост меояд."Дар маҷмуъ қарздории ин корхонаҳо 43% маблағи умумии қарзҳои дар ин давра ба вуҷуд омадаро ташкил дода, аз аввали сол 190 миллион сомонӣ афзудааст", - гуфт раҳбари ин ниҳод.Кумитаи андози Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки иҷрои нақшаи андоз дар шаҳру навоҳии Шуғнон, Ҷомӣ, Норак, Роғун, Ҳисор пурра иҷро нашуд, ки аз ин ҳисоб 60 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар кам маблағ ворид шуд.Маврид ба зикр аст, ки қаблан НБО "Сангтуда-1" дар шарҳи қарздорияш гуфта буд, ки "Барқи тоҷик" сабаби ин бебандуборист, зеро саривақт пули барқро пардох намекунад.Ба гуфти ин ширкат дар ҳоли ҳозир қарзи "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳ ба 200 миллион доллар наздик мешавад.
https://sputnik.tj/20220612/daromadi-bujeti-khatlon-somoni-1049137397.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102233/53/1022335388_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_4ef5c2d250bc0d26aa59791ab70e2259.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи андоз қарздор
Кумитаи андоз бузургтарин қарздоронашро гуфт
11:18 14.07.2022 (Навсозишуда: 13:52 14.07.2022) Кумитаи андози Тоҷикистон бештарин қарздоронашро эълон кард, ки чун қабл бузургтарин нерӯгоҳҳои кишвар дар садри ҷадвал қарор доранд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Нусратулло Давлатзода раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон ба 1002,9 миллион сомонӣ баробар шуд.
Ба гуфти ӯ, ин нишондод дар қиёс бо аввали соли ҷорӣ 196,5 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Ба иттилои Кумита, ҷамъоварии андоз дар сатҳи ҷумҳурӣ 101,8% иҷро шуда, ин ниҳод ба ҷойи 7 миллиарду 149,4 миллион сомонӣ 7 миллиарду 278,5 миллион сомонӣ ворид кардааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 129,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ин давра андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷавӣ иҷро нашуд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, маблағи зиёди қарзӣ ба НБО "Сангтуда-1" 245,6 миллион сомонӣ, НБО "Роғун" 55,8 миллион сомонӣ, ҶСК "Тоҷиктелеком" 123,3 миллион сомонӣ рост меояд.
"Дар маҷмуъ қарздории ин корхонаҳо 43% маблағи умумии қарзҳои дар ин давра ба вуҷуд омадаро ташкил дода, аз аввали сол 190 миллион сомонӣ афзудааст", - гуфт раҳбари ин ниҳод.
Кумитаи андози Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки иҷрои нақшаи андоз дар шаҳру навоҳии Шуғнон, Ҷомӣ, Норак, Роғун, Ҳисор пурра иҷро нашуд, ки аз ин ҳисоб 60 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар кам маблағ ворид шуд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан НБО "Сангтуда-1" дар шарҳи қарздорияш гуфта буд, ки "Барқи тоҷик" сабаби ин бебандуборист, зеро саривақт пули барқро пардох намекунад.
Ба гуфти ин ширкат дар ҳоли ҳозир қарзи "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳ ба 200 миллион доллар наздик мешавад.