"Ноуҳдабаро аст". Интиқоди тунди Давлатзода аз фаъолияти писари Бег Сабур

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookБег Сабуров, архивное фото
Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон писари раиси Хадамоти алоқаро, ки молики ширкати сохтмонии "Комил 2010" мебошад, ноуҳдабаро унвон кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз фаъолияти писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар шадидан интиқод кард.
Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ аз қарздории ширкати сохтмонии "Комил 2010", ки ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҳарф зада, таъкид намуд, ки молики ин ширкат "ноуҳдабаро" аст.
Сабти фиребкории дигар дар бозори манзил. Қарори раиси Душанбе хонахарҳоро ҳимоя мекунад?
Ба таъкиди ӯ, корхонаи мазкур аз андоз беш аз чор миллион сомонӣ қарздор аст. Иллати дар қарз ғутта задани ин ширкати сохтмониро ҷаноби Давлатзода ба бесамар истифода бурдани маблағ ва ба ноуҳдабароии роҳбари он рабт дод.

"Маблағ мегирад, вале самаранок истифода намебарад, роҳбарӣ карда наметавонад", - афзуд Давлатзода.

Қаблан Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар дода буд, ки барои омӯхтани фаъолияти ширкати сохтмонии "Комил 2010" комиссияи махсус ташкил шудааст.
Комиссия кори ширкати писари Бег Сабурро меомӯзад
Ӯ зикр намуд, ки комиссия биноҳои баландошёна дар маҳаллаи Зарафшонро мавриди омӯзиш қарор дода, маълум намуд, ки ин биноҳо ҳатто бо лоиҳакашҳо мувофиқа нашудаанд.
Бояд гуфт, дар аввали соли 2021 ширкати "Комил 2010"-ро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карда буд.
Феълан ба ширкати мазкур барои ислоҳи тамоми камбудиҳо муҳлат дода шудааст, вале маълум нест, ки он чанд моҳ ва ё солро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0