https://sputnik.tj/20220714/bloger-tojikiston-millionho-andoz-1049986825.html
Блогерҳо дар Тоҷикистон миллионҳо сомонӣ андоз супоридаанд
Блогерҳо дар Тоҷикистон миллионҳо сомонӣ андоз супоридаанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, ҳар блогерҳои тоҷик чӣ миқдор андоз супоридаанд ва ҳушдор дод, ки нисбати блоегрҳои саркаш чораҷӯӣ мешавад
2022-07-14T13:16+0500
2022-07-14T13:16+0500
2022-07-14T14:10+0500
блогер
андозбандӣ
дар тоҷикистон
кумитаи андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/14/1032312313_0:0:3029:1705_1920x0_80_0_0_9bd7f7bac0759e6dfecd3a30e0d8e01d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Шамсулло Кабирзода, раиси Сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андоз дар нишасти хабарӣ масъалаи андозбандии блогерҳоро тавзеҳ дод ва гуфт, аз онҳо чӣ миқдор маблағ ситонида шудааст.Бино ба иттилои Кабирзода то имрӯз дар Тоҷикистон ба сифати шахсони воқеӣ 32 блогер дар Кумитаи андоз худро сабти ном кардаанд ва ба буҷаи кишвар миллионҳо андоз супоридаанд.Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, нисбати блогерҳое, ки аз сабти ном ва супоридани андоз саркашӣ мекунанд, чораҷӯӣ карда мешавад.Манбаъ афзуд, ки аз миқдори даромади блогерҳо огоҳанд, вале ба далели возеҳ набудани меъёри ҳуқуқӣ дуруст наметавонанд онҳоро андозбандӣ кунанд.Кумитаи андоз: Блогерҳои тоҷик беш аз 100 ҳазор сомонӣ андоз супориданд"Мо манбаъҳои онҳоро дуруст муайян карда наметавонем, вале мо маълумот дорем, ки онҳо чӣ қадар даромад мегиранд. Санадҳои меъёрӣ имкон намедиҳад, ки мо блогерҳоро дуруст андозбандӣ кунем", - гуфт намояндаи Кумитаи андоз. Ӯ афзуд, ки дар Тоҷикистон феълан таҷрибаи давлатҳои дигарро дар ин самт омӯхта истодаанд."Чаро бояд як кас андоз супораду дигар не. Барои ҳамин ягон кас бояд хафа нашавад худро ба қайд гирад ва андозро супорад", - хулоса кард намояндаи Кумитаи андоз.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/14/1032312313_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_885e5803e8924a753e014febbdfcb1ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи андоз, блогерҳо, андозбандӣ
кумитаи андоз, блогерҳо, андозбандӣ
Блогерҳо дар Тоҷикистон миллионҳо сомонӣ андоз супоридаанд
13:16 14.07.2022 (Навсозишуда: 14:10 14.07.2022) Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, блогерҳои тоҷик чӣ миқдор андоз супоридаанд ва ҳушдор дод, ки нисбати блогерҳои саркаш чораҷӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Шамсулло Кабирзода, раиси Сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андоз дар нишасти хабарӣ масъалаи андозбандии блогерҳоро тавзеҳ дод ва гуфт, аз онҳо чӣ миқдор маблағ ситонида шудааст.
Бино ба иттилои Кабирзода то имрӯз дар Тоҷикистон ба сифати шахсони воқеӣ 32 блогер дар Кумитаи андоз худро сабти ном кардаанд ва ба буҷаи кишвар миллионҳо андоз супоридаанд.
"Блогерҳо давоми соли гузашта, ки муҳлати пешниҳоди эъломияашон то 1 апрел баъди соли ҳисоботӣ ҳаст, беш аз 18 миллион сомонӣ даромади андозбандишаванда нишон додаанд. Аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат тақрибан 2 миллион сомонӣ андоз ворид шудааст", - гуфт Кабирзода.
Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, нисбати блогерҳое, ки аз сабти ном ва супоридани андоз саркашӣ мекунанд, чораҷӯӣ карда мешавад.
Манбаъ афзуд, ки аз миқдори даромади блогерҳо огоҳанд, вале ба далели возеҳ набудани меъёри ҳуқуқӣ дуруст наметавонанд онҳоро андозбандӣ кунанд.
"Мо манбаъҳои онҳоро дуруст муайян карда наметавонем, вале мо маълумот дорем, ки онҳо чӣ қадар даромад мегиранд. Санадҳои меъёрӣ имкон намедиҳад, ки мо блогерҳоро дуруст андозбандӣ кунем", - гуфт намояндаи Кумитаи андоз.
Ӯ афзуд, ки дар Тоҷикистон феълан таҷрибаи давлатҳои дигарро дар ин самт омӯхта истодаанд.
"Чаро бояд як кас андоз супораду дигар не. Барои ҳамин ягон кас бояд хафа нашавад худро ба қайд гирад ва андозро супорад", - хулоса кард намояндаи Кумитаи андоз.