https://sputnik.tj/20220713/ziddiinhisori-boloravi-narkh-suzishvori-1049959876.html
Чаро сӯзишворӣ қимат шуд? Посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Чаро сӯзишворӣ қимат шуд? Посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозори ҷумҳуриро ба ба афзоиши нарх дар кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд
2022-07-13T13:00+0500
2022-07-13T13:00+0500
2022-07-13T14:46+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нарх
хадамоти зиддиинҳисорӣ
бозор
бензин
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_0:203:3071:1930_1920x0_80_0_0_0a4fbce99610f8d9ab0ca77977866d30.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Корхонаҳои тавлиди маҳсулоти нафтӣ нархи сӯзишвориро боло бурдаанд ва ин аз сабабҳои аслии боло рафтани нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон мебошад. Ин нуктаро Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.Ба гуфтаи ӯ, дар он корхонаҳо агар як тонна сӯзишворӣ дар моҳи январи соли равон ба 560 доллар баробар буд, дар моҳи июн ин нишондод аллакай ба 890 доллар баробар шудааст. Қурбонзода дар қатори омилҳои асосии таъсиррасон ба нарх афзоиши арзишу талабот дар кишварҳои содиркунанд ва ҳамчунин афзоиши қурби рубл гуфт. Вай аз қавли ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки феълан сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ҳам бо рубл ва ҳам доллар ворид карда мешавад. Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, нархҳои бозори сӯзишвориро таҳлил карда, муайян намудаанд, ки тоннаи бензин дар моҳи июни соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209 доллар ва ё 32% ва сӯзишвории дизелӣ 226 доллар ва ё қариб 40% боло рафтааст. Раёсати ин ниҳод таъкид намуд, ки дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ягон монеа нест, ширкатҳо ворид карда истодаанду камбуди сӯзишворӣ ҷой надорад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро асосан аз Русия дастрас мекунад. Аз ҷумла тибқи омор, тайи нимсола аз Русия ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 340 ҳазор тонна сӯзишворӣ, аз ҷумла 128 ҳазор тонна бензин, 175 ҳазор сӯзишвории дизелӣ, ҳудуди 7 ҳазор сӯзишвории ҳавоӣ, беш аз 9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудаст.
https://sputnik.tj/20220629/arzish-suzishvori-dizel-sughd-garon-1049611837.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_e1bfce3e8b1f41d999031702454844bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, хадамот, зиддиинҳисорӣ, болоравӣ, нарх
шарҳ, хадамот, зиддиинҳисорӣ, болоравӣ, нарх
Чаро сӯзишворӣ қимат шуд? Посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
13:00 13.07.2022 (Навсозишуда: 14:46 13.07.2022) Мақомоти Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои ҷумҳуриро ба афзоиши нарх дар кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Корхонаҳои тавлиди маҳсулоти нафтӣ нархи сӯзишвориро боло бурдаанд ва ин аз сабабҳои аслии боло рафтани нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон мебошад.
Ин нуктаро Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар он корхонаҳо агар як тонна сӯзишворӣ дар моҳи январи соли равон ба 560 доллар баробар буд, дар моҳи июн ин нишондод аллакай ба 890 доллар баробар шудааст.
Қурбонзода дар қатори омилҳои асосии таъсиррасон ба нарх афзоиши арзишу талабот дар кишварҳои содиркунанд ва ҳамчунин афзоиши қурби рубл гуфт. Вай аз қавли ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки феълан сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ҳам бо рубл ва ҳам доллар ворид карда мешавад.
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, нархҳои бозори сӯзишвориро таҳлил карда, муайян намудаанд, ки тоннаи бензин дар моҳи июни соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209 доллар ва ё 32% ва сӯзишвории дизелӣ 226 доллар ва ё қариб 40% боло рафтааст.
Раёсати ин ниҳод таъкид намуд, ки дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ягон монеа нест, ширкатҳо ворид карда истодаанду камбуди сӯзишворӣ ҷой надорад.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро асосан аз Русия дастрас мекунад. Аз ҷумла тибқи омор, тайи нимсола аз Русия ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 340 ҳазор тонна сӯзишворӣ, аз ҷумла 128 ҳазор тонна бензин, 175 ҳазор сӯзишвории дизелӣ, ҳудуди 7 ҳазор сӯзишвории ҳавоӣ, беш аз 9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудаст.