Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: киҳо вазифа гирифтанду киҳо тарки мансаб

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон президент РТ
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Бо судури чанд қарори роҳбари давлат дар як қатор донишгоҳу институтҳо ва муассисаҳои таълимиӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат бегоҳи рӯзи 13 июл бо имзои чанд қарор дар соҳаи маориф тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, матни қарорҳои президентро нашр намудааст.
Бо қарори Раҳмон, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон аз вазифа барканор шуд.
"Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шавад", - омадааст дар хабарномаи котиботи президент.
Зимнан, ба курсии ректори донишгоҳи мазкур бо қарори роҳбари давлат Назарзода Хайрулло Холназар такя зад.
Председатель Верховного суда Таджикистана Шермухаммад Шохиён и председатель Высшего экономического суда Республики Таджикистан Каландарзода Мавлуда Саттори - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Президент раиси суди Олии иқтисодӣ ва 11 масъулро барканор кард: ном ба ном
Ҳамзамон, бо қарори дигари президент, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ барканор шуд. Иллати аз вафиза барканор шудани Шарифзода Боймуродро, котиботи президент гузаштан ба кори дигар арзёбӣ кард.
Бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон дар вазифаи ректори Институти забон ва адабиёт Шарифзода Фарангис Худоӣ таъйин гардид.
Лентаи хабарҳо
0