https://sputnik.tj/20220713/selfaroi-chand-mintaqa-tojikiston-1049959513.html
Ҳушдор аз фаромадани сели пиряхӣ дар чанд минтақаи Тоҷикистон
Ҳушдор аз фаромадани сели пиряхӣ дар чанд минтақаи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагон сокинони Тоҷикистонро аз ҳавои номусоиди рӯзҳои наздик ҳушдор доданд: дар баъзе минтақаҳои кишвар омадани сели пиряхӣ дар назар аст
2022-07-13T12:45+0500
2022-07-13T12:45+0500
2022-07-13T13:04+0500
кҳф
селфароӣ
дар тоҷикистон
ярч
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
обу ҳаво
номусоид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040215798_0:0:3337:1878_1920x0_80_0_0_b30fa3611603ebd239732f3263334f5b.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Аз 13 то 14 июл дар баъзе навоҳии Тоҷикистон сели пиряхӣ мефарояд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи кишвар, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон селфароӣ дар назар аст. Кормандони КҲФ аз сокинони Тоҷикистон даъват карданд, ки аз ҳезумчинӣ, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва занбурўғ худдорӣ кунанд. Ба ронандагон тавсия дода шуд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд накунанд ва ба қадри имкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок комилан худдорӣ намояндНаҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки ба зудӣ ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна дарахту чӯб ва сангу шағал тоза кунанд. Аҳмадзода дар Ворух бо сокинони аз сел зарардида суҳбат карду ба масъулин супориш додДар сурати омадани сел коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки дару тирезаро маҳкам баста, барқ, об ва газро хомӯш кунед. Эҳтимол аст, ки одамон, биноҳо ва иншоот дар сатҳи сели ҳаракаткунанда қарор гиранд. Дар ин маврид шумо бояд биноро тарк карда, ба қадри имкон боло ҳаракат кунед ва мувофиқи вазъият амал карда, ҳангоми боз истодани ярч аз сангҳо, пораҳои иншоот, девор, гилхок, ки аз паси он меояд, эҳтиёт шавед. Пас аз ба охир расидани фурӯрезии ярч ва сел, пеш аз баргаштан ба хонаҳо боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки дигар хатар вуҷуд надорад.Бар асари сел дар Ворух 40 ҳавлии сокинон хароб шудааст – шарҳи расмӣКормандони КҲФ дар ҳолати хатар, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк хоҳиш кардаанд, ки телефонҳои 112 ё ба шӯъбаи навбатдорӣ: 93-880-28-19, 223-13-11 занг зананд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040215798_606:0:3337:2048_1920x0_80_0_0_90e5c055acca7d5b0d283a1e5722f496.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел, ҳушдор, хатари селфароӣ, тоҷикистон, кҳф
сел, ҳушдор, хатари селфароӣ, тоҷикистон, кҳф
Ҳушдор аз фаромадани сели пиряхӣ дар чанд минтақаи Тоҷикистон
12:45 13.07.2022 (Навсозишуда: 13:04 13.07.2022) Наҷотдиҳандагон сокинони Тоҷикистонро аз ҳавои номусоиди рӯзҳои наздик хабар доданд: дар баъзе минтақаҳои кишвар омадани сел аз пиряхҳо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Аз 13 то 14 июл дар баъзе навоҳии Тоҷикистон сели пиряхӣ мефарояд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи кишвар, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон селфароӣ дар назар аст.
Кормандони КҲФ аз сокинони Тоҷикистон даъват карданд, ки аз ҳезумчинӣ, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва занбурўғ худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода шуд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд накунанд ва ба қадри имкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок комилан худдорӣ намоянд
Наҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки ба зудӣ ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна дарахту чӯб ва сангу шағал тоза кунанд.
Дар сурати омадани сел коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки дару тирезаро маҳкам баста, барқ, об ва газро хомӯш кунед.
Эҳтимол аст, ки одамон, биноҳо ва иншоот дар сатҳи сели ҳаракаткунанда қарор гиранд. Дар ин маврид шумо бояд биноро тарк карда, ба қадри имкон боло ҳаракат кунед ва мувофиқи вазъият амал карда, ҳангоми боз истодани ярч аз сангҳо, пораҳои иншоот, девор, гилхок, ки аз паси он меояд, эҳтиёт шавед.
Пас аз ба охир расидани фурӯрезии ярч ва сел, пеш аз баргаштан ба хонаҳо боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки дигар хатар вуҷуд надорад.
Кормандони КҲФ дар ҳолати хатар, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк хоҳиш кардаанд, ки телефонҳои 112 ё ба шӯъбаи навбатдорӣ: 93-880-28-19, 223-13-11 занг зананд.