https://sputnik.tj/20220713/narkh-banan-tojikiston-1049971556.html
3 ё 7 сомонӣ: баҳси нархи банан дар нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ
3 ё 7 сомонӣ: баҳси нархи банан дар нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Нархи банан дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Душанбе баҳси гармеро барпо кард: рӯзноманигорон пурсиданд, ки чаро банан зиёд асту нархаш гарон
2022-07-13T22:00+0500
2022-07-13T22:00+0500
2022-07-13T22:00+0500
хадамоти зиддиинҳисорӣ
нарх
дар тоҷикистон
баҳс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043967011_0:116:1281:836_1920x0_80_0_0_0f35182a04627e569c29acdf09f92681.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Сардори Раёсати ҳифз ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саидалӣ Зарифзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, имсол дар остонаи Иди Қурбон дар бозорҳо аз ҳама зиёд банан дида мешуд, вале сабаби гарон буданашро шарҳ надод.Ба қавли Зарифзода, банан аз ҷиҳати иҷтимоӣ ғизои зарурӣ ба шумор намеравад.Вақте масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи бананро 3,5 сомонӣ гуфт, рӯзноманигорон бо як овоз иддао карданд, ки нархаш баландтар аст.Дар ҷавоб ба ин суол, ки бананро ба Тоҷикистон аз кадом кишварҳо меоранд, Зарифзода гуфт, аз хориҷи кишвар, вале давлатҳои содиркунандаро ном набурд.Бино ба гузориши Хадамоти зиддинҳисорӣ, тибқи маълумоти омори гумрукӣ, дар соли 2021 ба Тоҷикистон 17 ҳазору 983 тонна банан ворид карда шудааст.Мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши воридоти гандум ва истеҳсоли орд хабар медиҳандИн миқдор бананро се субъекти хоҷагидор: "Ҳумоюн А", ҶДМ "Тиҷорат Экспресс" ва ҶДМ "Элек Кул" ба Тоҷикистон овардаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043967011_69:0:1198:847_1920x0_80_0_0_e8e1d97be292e1e83193e62aaea1dde6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нархи банан, хадамоти зиддиинҳисорӣ, тоҷикистон
нархи банан, хадамоти зиддиинҳисорӣ, тоҷикистон
3 ё 7 сомонӣ: баҳси нархи банан дар нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Банан дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ баҳси гармеро барпо кард: аз масъулин пурсиданд, ки чаро банан зиёд аст, вале нархаш гарон
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Сардори Раёсати ҳифз ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саидалӣ Зарифзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, имсол дар остонаи Иди Қурбон дар бозорҳо аз ҳама зиёд банан дида мешуд, вале сабаби гарон буданашро шарҳ надод.
Ба қавли Зарифзода, банан аз ҷиҳати иҷтимоӣ ғизои зарурӣ ба шумор намеравад.
Вақте масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи бананро 3,5 сомонӣ гуфт, рӯзноманигорон бо як овоз иддао карданд, ки нархаш баландтар аст.
"5 сомонӣ, 7 сомонӣ ва ҳатто 9 сомонӣ ҳам шуд", - гуфтанд рӯзноманигорон, ки дар посух мақомдор гуфт, "дар ин ки шумо аз ҷои гарон харидаед, маро гунаҳкор накунед".
Дар ҷавоб ба ин суол, ки бананро ба Тоҷикистон аз кадом кишварҳо меоранд, Зарифзода гуфт, аз хориҷи кишвар, вале давлатҳои содиркунандаро ном набурд.
Бино ба гузориши Хадамоти зиддинҳисорӣ, тибқи маълумоти омори гумрукӣ, дар соли 2021 ба Тоҷикистон 17 ҳазору 983 тонна банан ворид карда шудааст.
Ин миқдор бананро се субъекти хоҷагидор: "Ҳумоюн А", ҶДМ "Тиҷорат Экспресс" ва ҶДМ "Элек Кул" ба Тоҷикистон овардаанд.