Мушовири собиқи Трамп иқрор шуд, ки дар кишварҳои хориҷ табаддулоти давлатӣ тарҳрезӣ кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВизит советника президента США по нацбезопасности Дж. Болтона в Минск
Визит советника президента США по нацбезопасности Дж. Болтона в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки ин изҳоротҳо фошгӯии комилан нави шахсиятҳо дар сиёсати хориҷии Амрико мебошанд ва таҳлилро тақозо мекунанд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Мушовири амнияти миллии собиқ президенти ИМА Ҷон Болтон эътироф кард, ки қаблан дар ташкили табаддулоти давлатӣ дар дигар кишварҳо ширкат доштааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
Зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN, рӯзноманигор Ҷейк Таппер дар шарҳи ҳамлаи январ ба Капитолий аз ҷониби тарафдорони Доналд Трамп, изҳори назар кард, ки барои омода кардани табаддулоти давлатӣ "ақли олиҷаноб лозим набуд".
"Ҳамчун касе, ки дар тарҳрезии табаддулот кӯмак кардааст - на дар ин ҷо, балки дар дигар қисматҳои ҷаҳон - ман розӣ нестам. Ин кори зиёдеро талаб мекунад", - гуфт Болтон.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки воқеаҳои якуним сол пеш дар Вашингтон мисоли чунин тайёрӣ нестанд.
"Трамп аз як идея ба идеяи дигар гузашт ва дар ниҳоят эътирозгаронро ба Капитолия раҳо кард. Вай, бешубҳа, инро талаб кард", - гуфт мушовири собиқ.
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Рейтинги Байден якбора паст шуд, вале ҳоло ба ҳадди Трамп нарасидааст
Вақте ки Доналд Трамп президент буд, ӯ ва мушовир аксар вақт ихтилоф доштанд, тавре ки роҳбари давлат ошкоро изҳор дошт. Чанде пеш аз анҷоми мӯҳлати ваколаташ ӯ Болтонро барканор кард.
Ҷон Болтон, сафири пешини ИМА дар СММ ва ёвари вазири хориҷаи Амрико, қаблан яке аз ошӯбгарон дар сиёсати хориҷӣ номида мешуд.
Дар робита ба ҳарфҳои Болтон, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, Мария Захарова қайд намуд, ки ин изҳоротҳо ифшои комилан нави шахсиятҳои сиёсати хориҷии Амрико мебошанд ва таҳлилро тақозо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0