Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар иқтисоди Русия нақши назаррас доранд - видео

Обуна шудан
Танҳо дар моҳи соли равон дар Маскав 528 ҳазор патент ба муҳоҷирон дода шуд. Даромад ба буҷаи Маскав дар шакли андоз аз даромад 16,2 миллиард рублро ташкил дод
Дар Русия теъдоди зиёди муҳоҷирон қарор доранд ва табиист, ки саҳми онҳо на танҳо дар ободонии ин мулк, балки ба иқтисоди Русия низ ҳамасола миллиардҳо рубл даромад ворид мешавад.
Дар мавриди шарту шароити муҳоҷирон дар Русия, Sputnik Тоҷикистон бо Маргарита Лянге, узви Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳои назди Президенти Федератсияи Русия мусоҳиба оростааст.
Талоши ташкили бозори ягонаи меҳнат дар ИДМ
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки қаблан борҳо матраҳ шуда буд, ин системаи рақамии муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мебошад.
Дар ҳоле ки барои шаҳрвандони Русия марказҳои зиёд аз қабили "Госуслуги", "МФС", ва дигар платформаҳои минтақавӣ ташкил гардидаанд ва равандҳои марбут ба ҳуҷҷатгузориро осон мекунанд, муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз чунин захираҳо маҳруманд.
Дар мусоҳиба Маргарита Лянге аз созмон додани чунин хизматрасониҳо барои муҳоҷирони корӣ ҳарф мезанад, ки муфассалтар аз видео омоданамудаи Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед
Лентаи хабарҳо
0