Боз як бошгоҳи футболи Тоҷикистон мураббии худро иваз кард

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкФутбольный тренер,
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Якчанд дастаи футболи тоҷик аллакай тренер иваз кардаанд: бисёриҳо бо ризоияти тарафайн шартномаҳоро бекор мекунанд, баъзеҳо аз натиҷаи кори худ норозӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дастаи "Эсхата" ва сармураббии даста Ҳамид Каримов бо мувофиқаи тарафайн шартномаи ҳамкориро қатъ карданд.
"Роҳбарияти даста ба Ҳамид Каримов барои кори муштаракашон изҳори сипос мекунанд", - қайд карданд дар дафтари матбуотии клуб.
Сармураббии нави "Эсхата" Игор Суров таъйин шуд, ӯ аллакай шартномаи кориро имзо кардааст.
"Мо ба мутахассиси ҷавону ояндадор кори бомуваффақият ва пурсамар таманно дорем", - афзуд клуб.
Даста бо раҳбарии мураббии нав омодагиро ба нимаи дуюми мавсим оғоз кард.
Қобили зикр аст, ки Сурови 36-сола футболбоз ва мураббии рус аст.
Барканории Зайниддин Раҳимов ва таъйини сармураббии нави футболбозони навраси Тоҷикистон
Аз соли 2007 то соли 2019 дар тимҳои Русия ва ССКА Душанбе бозӣ кардааст.
Аз соли 2019 фаъолияти мураббигии худро дар бошгоҳи "Сумида"-и Муғулистон оғоз намуда, соли 2020 мураббии дастаи "Алфа"-и Краснодарро бар уҳда дошт.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл тими "Файзканд" аз мураббиаш - Тоҳир Мӯъминов ҷудо шуд. Мураббии нави даста Алӣ Назарзодаи эронӣ таъин гардид.
Дастаи "Равшан" (Зафаробод) ҳам аз мураббияш ҷудо шуд. Шартнома бо Раҳматулло Фузайлов бо созиши тарафайн катъ гардид.
Левченко расман сармураббии "Нафтчӣ"-и Ӯзбекистон таъйин шуд
Ва дар моҳи май бо қарори роҳбарияти тими "Истаравшан" сармураббии даста Ризо Паркас ба далели натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз мақом барканор шуд.
Лентаи хабарҳо
0