Туркия НАТО-ро тарк мекунад?

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкВид на город Анкара
Вид на город Анкара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Яке аз ҳизбҳои Туркия қасд дорад, ба ҳукумати кишвар пешниҳод намояд, ки аз узвият дар НАТО даст кашад ва ин созмонро фавран тарк кунад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳизби туркии "Vatan" ба ҳукумат пешниҳод намудааст, ки аз узвият дар созмони НАТО даст кашад.
Ин ҳизб дар чаҳорчӯби як маъракаи густурда барои хуруҷ аз НАТО дар саросари кишвар, ҳазорҳо имзо аз шаҳрҳои бузург ва садҳо вилояту навоҳӣ ҷамъ овардааст. Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба рӯзномаи Aydınlık хабар медиҳад.
"Мардуми Туркия бар зидди НАТО исён мекунад! Даъватҳои мо дар як муддати кӯтоҳ мисли шамол дар беш аз 100 вилояту навоҳӣ пароканда шуданд, ҳазорон имзо ҷамъоварӣ карданд ва аз ҷониби шаҳрвандони мо дастгирӣ ёфт", - навиштааст рӯзнома аз қавли дабири кулли ҳизб Озгур Бурсалӣ.
Қаблан Дору Перинчек низ пешниҳод намуд. ки Туркия бояд аз НАТО хориҷ шавад. Ба таъкиди ӯ, сиёсати зидди ин паймон барои ояндаи иқтисодии кишвар муҳим аст.
Флаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Туркия билохира розӣ шуд: Финландия ва Шветсия узви НАТО хоҳанд шуд
"Vatan" дар Маҷлиси Бузурги Миллии (парлумон) Туркия намояндагӣ намекунад. Ин ҳизб фаъолона ҷонибдори ҳамкории наздики Туркия бо фазои Авруосиё аст.
Илова бар ин, намояндагони ин ҳизб аз Анкара даъват мекунад, ки муттаҳидшавии Қримро бо Русия эътироф кунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Туркия комилан мухолифи пайваст шудани Финландия ва Шветсия ба НАТО буданд, вале баъдан ҷавоби мусбат доданду ин ду кишвар ба узвияти паймон шомил гардиданд.
Дастгоҳи Эрдуғон хабар дод, ки Финландия ва Шветсия ваъда додаанд, ки аз Ҳизби Коргарии Курдистони дар Туркия мамнӯъ ва Созмони Фатҳуллоҳ Гюлен пуштибонӣ нахоҳанд кард ва ҳамчунин аз сиёсати маҳдудияти саноати дифоии Туркия даст мекашанд.
Анқара ҳамчунин таъкид кард, ки Ҳелсинки ва Стокҳолм ӯҳдадор шудаанд, ки ба қонунгузории миллӣ дар заминаи мубориза бо терроризм ва саноати дифоӣ тағйирот ворид кунанд.
Лентаи хабарҳо
0