https://sputnik.tj/20220711/rusiya-asliha-himars-nobud-1049914843.html
Русия аслиҳа барои HIMARS-и амрикоиро нобуд кард
Русия аслиҳа барои HIMARS-и амрикоиро нобуд кард
Sputnik Тоҷикистон
Анбори лавозимоти ҷангӣ барои тӯпхонаҳои амрикоии навъи HIMARS дар Днепропетровск нобуд карда шуда, воҳидҳои миллатгарою хориҷӣ ҳадафи зарба қарор гирифтаанд
2022-07-11T16:30+0500
2022-07-11T16:30+0500
2022-07-11T17:55+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
вазорати мудофиа
зарба
мушак
украина
аслиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039446955_0:133:1281:853_1920x0_80_0_0_5c64aaffca5c80a47226ecfde8be826f.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Нерӯҳои Русия бо зарбаи мушакҳои "Калибр" лавозимоти ҷангӣ барои тӯпхонаи реактивии HIMARS ва гаубитсҳои М777-ро нобуд кардааст Анбори лавозимоти ҷангӣ барои тӯпхонаи амрикоии HIMARS ва гаубитси М77 дар минтақаи аҳолинишини Рашдушноеи вилояти Днепропетровск нобуд карда шуд, хабар дод Вазорати мудофиаи Русия. Ба иттилои манбаъ, лавозимоти ҷангии нобудшуда аз ҷониби ИМА ба Украина интиқол дода шудаанд.Ҳамчунин таъкид шуд, ки халабонҳои низомии Русия нуқтаи фармондеҳии бригадаи 58-уми хушкигарди савораро дар наздикии Артёмовск , анбори аслиҳа ва нерӯи зиндаи ҷониби украиниро ҳадафи зарба қарор додаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти мудофиаи Русия хабар доданд, ки ду дастгоҳи партоби мушакии навъи HIMARS-и амрикоӣ дар Донетск нобуд карда шуданд. Ба иттилои манбаъ, дар маҳалли истиқоматии Малотарановкаи ҷумҳурии Донетск, мушакҳои дақиқияташон баланди Русия ду дастгоҳи партоби мушакии амрикоиро ҳадаф қарор доданд.Маврид ба зикр аст, ки пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз интиқоли системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS ба Украина эълон карда буд, ба шарте ки онҳо барои зарба задан ба қаламрави Федератсияи Русия истифода нашаванд.Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ошкоро тасдиқ кард, ки Киев ин талаботро риоя хоҳад кард, аммо бархе мақомдорони дигар эҳтимоли аҳдшикании Киевро низ аз воқеият дур намедонанд.Вазорати умури хориҷии Русия низ таъкид намуд, ки интиқоли силоҳ ба Украина танҳо даргириҳои низомиро тӯл медиҳад, аммо ба бароварда шудани ҳадафҳои гузошташудаи амалиёт таъсире нахоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20220711/khumporaho-hushmand-tupkhonaho-rusiya-ukraina-1049910667.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039446955_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_ca84eb63e38dbb8dc1a0f0924fa9d1e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зарба, анбор, аслиҳа, амрикоӣ, украина
зарба, анбор, аслиҳа, амрикоӣ, украина
Русия аслиҳа барои HIMARS-и амрикоиро нобуд кард
16:30 11.07.2022 (Навсозишуда: 17:55 11.07.2022) Анбори лавозимоти ҷангӣ барои тӯпхонаҳои амрикоии навъи HIMARS дар Днепропетровск нобуд карда шуда, воҳидҳои миллатгарою хориҷӣ ҳадаф қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Нерӯҳои Русия бо зарбаи мушакҳои "Калибр" лавозимоти ҷангӣ барои тӯпхонаи реактивии HIMARS ва гаубитсҳои М777-ро нобуд кардааст
Анбори лавозимоти ҷангӣ барои тӯпхонаи амрикоии HIMARS ва гаубитси М77 дар минтақаи аҳолинишини Рашдушноеи вилояти Днепропетровск нобуд карда шуд, хабар дод Вазорати мудофиаи Русия.
Ба иттилои манбаъ, лавозимоти ҷангии нобудшуда аз ҷониби ИМА ба Украина интиқол дода шудаанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки халабонҳои низомии Русия нуқтаи фармондеҳии бригадаи 58-уми хушкигарди савораро дар наздикии Артёмовск , анбори аслиҳа ва нерӯи зиндаи ҷониби украиниро ҳадафи зарба қарор додаанд.
"Дар пайи зарба ба мақари миллатгароҳо ва зархаридҳои хориҷӣ дар ноҳияҳои Основянск ва Слободи Харков 250 ҷангӣ ва 25 адад техникаи зиреҳпӯшу автомобилҳо нобуд карда шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти мудофиаи Русия хабар доданд, ки ду дастгоҳи партоби мушакии навъи HIMARS-и амрикоӣ дар Донетск нобуд карда шуданд. Ба иттилои манбаъ, дар маҳалли истиқоматии Малотарановкаи ҷумҳурии Донетск, мушакҳои дақиқияташон баланди Русия ду дастгоҳи партоби мушакии амрикоиро ҳадаф қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз интиқоли системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS ба Украина эълон карда буд, ба шарте ки онҳо барои зарба задан ба қаламрави Федератсияи Русия истифода нашаванд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ошкоро тасдиқ кард, ки Киев ин талаботро риоя хоҳад кард, аммо бархе мақомдорони дигар эҳтимоли аҳдшикании Киевро низ аз воқеият дур намедонанд.
Вазорати умури хориҷии Русия низ таъкид намуд, ки интиқоли силоҳ ба Украина танҳо даргириҳои низомиро тӯл медиҳад, аммо ба бароварда шудани ҳадафҳои гузошташудаи амалиёт таъсире нахоҳад дошт.