Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пушилин аз пешрафтҳо дар ҷабҳаи шимоли Донетск гуфт

© Sputnik / Сергей Батурин / Гузариш ба медиабонкП/к главы ДНР Д. Пушилина
П/к главы ДНР Д. Пушилина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Дар пайи озодсозии комили қаламрави Луганск феълан интиқоли бархе аз нерӯҳо ба Ҷумҳурии Донетск ҷараён дошта, пешрафтҳое дар ин самт ҳосил шудаанд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҷабҳа дар шимоли Ҷумҳурии халқии Донетск ба таври назаррас тағйир ёфт, изҳор дошт роҳбари ҶХД, Денис Пушилин.
Ӯ зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 24" гуфт, аллакай 243 маҳалли истиқоматӣ дар ин самт таҳти назорати нерӯҳои иттиҳодӣ қарор доранд.
"Тағйирот назаррасанд, аллакай 243 минтақаи аҳолинишин таҳти назорати мост. Инчунин интиқоли корпуси дуюми нерӯҳои Ҷумҳурии халқии Луганск барои пурзӯр кардани мавқеъ дар самти Авдеевка идома дорад", - гуфт Пушилин.
Вай таъкид намуд, ки дар пайи интиқоли нерӯҳо озодсозии Ҷумҳурии халқии Донетск якҷоя сурат хоҳад гирифт.
Ин дар ҳолест, ки роҳбари ҶХД қаблан хостори тезондани амалиёт дар шимоли ин ҷумҳурӣ шуда буд. Ӯ тавзеҳ дод, ки Киев обро барои Донетск, Макеевка, Горловка қатъ кардааст ва эҳтимол дигар иншооти барқи обиро тарконад.
"Аз ин рӯ мо бояд ҳадди ақал то фарорасии мавсими сармо барои барқарор кардани обрасонӣ фурсате дошта бошем, зеро дар акси ҳол вазъ метавонад ниҳоят мушкил гардад - яхбандӣ ва дигар мушкилотро дар пай дошта бошад", - гуфт Пушилин.
Разминирование территории комбината Азовсталь и бывших позиций ВСУ в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои иттиҳодӣ минтақаи дигарро дар Донетск озод карданд
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи июл Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба президент Владимир Путин аз озодсозии Луганск гузориш дод.
Ба гуфтаи Шойгу, зимни амалиёти озодсозии Луганск нерӯҳои украинӣ ба муҳосира ва безарар гардонда шуда, бо гирифтани шаҳри Лисичанск озодсозии ҶХЛ поён ёфт.
Путин дар пайи шунидани гузориши Шойгу гуфт, воҳидҳое, ки фаъолона дар амалиёти ҷангӣ иштирок карданду муваффақ шуданд, пирӯзиро дар самти Луганск ба даст оварданд, бидуни шак бояд истироҳат кунанд.
Дар зимн вай барои сохтору воҳидҳои дигари низомӣ, аз ҷумла "Восток" ва "Запад" муҳим хонд, ки ҳадафҳои гузошташударо тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда иҷро намоянд.
Лентаи хабарҳо
0