https://sputnik.tj/20220711/parvoz-markaz-janub-rusiya-1049903204.html
Парвоз ба марказу ҷануби Русия маҳдуд боқӣ хоҳад монд
Парвоз ба марказу ҷануби Русия маҳдуд боқӣ хоҳад монд
Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудияти парвозҳо ба бархе аз фурудгоҳҳои ҷануб ва маркази Русия, ки аз оғози амалиёт дар Украина роҳандозӣ гардиданд, бори дигар тамдид шуданд
2022-07-11T12:15+0500
2022-07-11T12:15+0500
2022-07-11T12:30+0500
дар русия
нақлиёт
парвоз
ҳавопаймо
маҳдудият
росавиатсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/07/1049824193_0:113:2928:1760_1920x0_80_0_0_d7a1ddb7323f9e480cb677218177cf10.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар ҷануб ва маркази Русия то 18 июл тамдид гардид, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба мақомоти ҳавонавардии кишвар - "Росавиатсия". Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд."Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд."Росавиатсия" мегӯяд, дар маҷмуъ парвозҳо дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина шуруъ шуд.Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220711/haker-kushtashudagon-artish-ukraina-1049900926.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/07/1049824193_197:0:2928:2048_1920x0_80_0_0_8789e45816d89b57111a1b73a6aae03a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамдид, маҳдудият, парвоз, марказ, ҷануб, русия
тамдид, маҳдудият, парвоз, марказ, ҷануб, русия
Парвоз ба марказу ҷануби Русия маҳдуд боқӣ хоҳад монд
12:15 11.07.2022 (Навсозишуда: 12:30 11.07.2022) Маҳдудияти парвозҳо ба бархе аз фурудгоҳҳои ҷануб ва маркази Русия, ки аз оғози амалиёт дар Украина роҳандозӣ гардиданд, бори дигар тамдид шуд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар ҷануб ва маркази Русия то 18 июл тамдид гардид, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба мақомоти ҳавонавардии кишвар - "Росавиатсия".
"Маҳдудияти парвозҳо ба 11фурудгоҳи қисмати ҷанубӣ ва марказии Русия то 18 июли соли 2022 тамдид шуд", - омадааст дар иттилоия.
Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд.
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
"Росавиатсия" мегӯяд, дар маҷмуъ парвозҳо дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина шуруъ шуд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.