https://sputnik.tj/20220711/lahistoni-ukraina-maqom-makhsus-1049922020.html
Лаҳистониҳо дар Украина мақоми махсус мегиранд
Лаҳистониҳо дар Украина мақоми махсус мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Қонун дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Лаҳистон дар қаламрави Украина ба Радаи болоӣ пешниҳод шудааст. Варшава аз ин иқдом дар Киев тавсиф кард
2022-07-11T21:00+0500
2022-07-11T21:00+0500
2022-07-11T21:00+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
киев
лаҳистон
владимир зеленский
мақом
қонун
рада
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/09/1049070823_0:0:513:289_1920x0_80_0_0_77d250d468bdac7b25d67b3e8c3120cc.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Президенти Украина, Владимир Зеленский, Қонун дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Лаҳистонро ба парлумон пешниҳод кард. Дар ин бора президенти Лаҳистон Анҷей Дуда зимни ёдбуди қурбониёни хунрезии Волина хабар дод. Вай пешниҳоди ин санадро дар солгарди хунрезии Волина рамзӣ хонда, афзуд, вазъ баръакси он солҳост, ки аз лаҳистониҳо мехостанд ба ҳар қимате, аз ҷумла аз тариқи куштор халос шаванд. Маврид ба зикр аст, ки ба бар асоси иддаои ҷониби Лаҳистон шаҳрвандони ин кишвар дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон аз сӯи нерӯҳои миллатгарои украинӣ дар Волина ва Гоалитсия мавриди қатли ом қарор гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол ахиран Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз имзои созишнома бо Лаҳистон дар мавриди убури содаи сарҳад хабар дода, таъкид намуд, ки миёни давлатҳо набояд марзу монеае мавҷуд бошад. Вай изҳори бовар намуд, ки мардуми Украинаю Лаҳистонро аз нигоҳи рӯҳия ҷудо намекунанд.Дар зимн мақомдорони Русия мегӯянд, иқдоми Киев ин ихтиёран ба дасти Лаҳистон супоридани соҳибихтиёрист. Мария Захарова, намояндаи ВУХ Русия азм барои додани мақоми махсус барои лаҳистониҳоро садама дидани соҳибихтиёрӣ дар Украина хонда буд. Вай қайд карда буд, ки "соҳибихтиёрии Украина касеро дар Банкова ташвиш намедиҳад, масъалаи асосӣ на чӣ гуна нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ, балки ба кӣ додани он аст".
https://sputnik.tj/20220711/farmon-putin-sabuki-ukraini-1049918497.html
киев
лаҳистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/09/1049070823_0:0:453:340_1920x0_80_0_0_6ea7b82756d45bf4598c3a1b554ebb5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
киев, қонун, лаҳистон, мақом, махсус
киев, қонун, лаҳистон, мақом, махсус
Лаҳистониҳо дар Украина мақоми махсус мегиранд
Қонун дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Лаҳистон дар қаламрави Украина ба Радаи Болоӣ пешниҳод шудааст. Варшава аз ин иқдом дар Киев тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Президенти Украина, Владимир Зеленский, Қонун дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Лаҳистонро ба парлумон пешниҳод кард.
Дар ин бора президенти Лаҳистон Анҷей Дуда зимни ёдбуди қурбониёни хунрезии Волина хабар дод.
"Имрӯз президент Владимир Зеленский ба Радаи болоӣ тарқи қонунеро пешниҳод кард, ки ба лаҳистониҳо дар Украина мақоми махсус медиҳад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Дуда.
Вай пешниҳоди ин санадро дар солгарди хунрезии Волина рамзӣ хонда, афзуд, вазъ баръакси он солҳост, ки аз лаҳистониҳо мехостанд ба ҳар қимате, аз ҷумла аз тариқи куштор халос шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ба бар асоси иддаои ҷониби Лаҳистон шаҳрвандони ин кишвар дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон аз сӯи нерӯҳои миллатгарои украинӣ дар Волина ва Гоалитсия мавриди қатли ом қарор гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол ахиран Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз имзои созишнома бо Лаҳистон дар мавриди убури содаи сарҳад хабар дода, таъкид намуд, ки миёни давлатҳо набояд марзу монеае мавҷуд бошад. Вай изҳори бовар намуд, ки мардуми Украинаю Лаҳистонро аз нигоҳи рӯҳия ҷудо намекунанд.
Дар зимн мақомдорони Русия мегӯянд, иқдоми Киев ин ихтиёран ба дасти Лаҳистон супоридани соҳибихтиёрист.
Мария Захарова, намояндаи ВУХ Русия азм барои додани мақоми махсус барои лаҳистониҳоро садама дидани соҳибихтиёрӣ дар Украина хонда буд.
Вай қайд карда буд, ки "соҳибихтиёрии Украина касеро дар Банкова ташвиш намедиҳад, масъалаи асосӣ на чӣ гуна нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ, балки ба кӣ додани он аст".