https://sputnik.tj/20220711/ifsho-hujjatho-makhfi-artish-ukraina-1049900552.html
Ифшои ҳуҷҷатҳои махфии артиши Украина
Ифшои ҳуҷҷатҳои махфии артиши Украина
Sputnik Тоҷикистон
Ҳакерҳои рус ва украинӣ ба кор шурӯъ кардаанд, ки ба шарофати ин имкон пайдо шудааст, далелҳои қаблан номаълумро дар бораи артиши Украина ба даст оранд
2022-07-11T10:06+0500
2022-07-11T10:06+0500
2022-07-11T11:51+0500
украина
сиёсат
ҳамлаи хакерӣ
маълумот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049206067_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_b5ea6e733751dff2980ba95d2bec7cbe.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳуҷҷатҳои махфӣ дар бораи амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва вазъ дар ҷабҳа ба дасти ҳакерҳо афтоданд. Ба онҳо муяссар шудааст, ки бойгониҳои калонеро ба даст оранд. Далелҳои нав аз ҷониби гуруҳи ҳакерҳои русии RaHDIt, ки ба ҳамкорӣ бо "Берегини"-и украинӣ шурӯъ кард, ошкор карда шудаанд.Ба гуфтаи ӯ, [акерҳо миқдори зиёди маълумотро дарёфт кардаанд. Аммо мусоҳиби РИА Новости аз ироаи ҷузъиёти мушаххас худдорӣ кард. "Ҳоло мо наметавонем ҳамаи кортҳоро ба шумо ифшо кунем, зеро он гоҳ маълум хоҳад шуд, ки мо чӣ медонем ва чӣ мебинем", - таъкид кард ӯ. Ҳакерҳои рус ба гирифтани маълумоти воқеӣ аз "Берегин", як гуруҳи ҳакерии занони украинӣ идома медиҳанд. "Гурӯҳи "Берегин" ба мо кӯмаки зиёд дорад, инчунин ба шарофати он, ки дӯстони онҳо, ки то ҳол дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина хидмат мекунанд, ба онҳо кӯмак мекунанд", - шарҳ дод иштирокчии RaHDIt. Қаблан RaHDit ("Хакерҳои хашмгини рус") дар вебсайти худ маълумоти навро дар бораи кормандони Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина ва афроди марбут ба он пешниҳод карда буд.Дар пойгоҳи "Немезиде" ҳуҷҷатҳое пайдо шуданд, ки ба 2,5 ҳазор нафар дахл доранд. Ин хислатҳои ҷиноии кормандони ГУР-ро дар бар мегирад - аз ҷумла нашъамандон, ки барои ғоратгарӣ, муомилоти ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, дуздӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва таҷовуз ба номус маҳкум шудаанд. Илова бар ин, ҳакерҳо 755 вебсайти ҳукумати Украинаро рахна карданд. Дар байни онҳо сомонаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар саросари кишвар мебошанд. Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки байни раҳбари Украина Владимир Зеленский ва фармондеҳи артиши ин кишвар ихтилофот дар мавриди амалиёти ҷангӣ оғоз шудааст.Ҳамчунин дар "Немезиде" маълумот дар бораи 700 корманди Хадамоти амнияти Украина (SBU) бо аксҳо, рақамҳои телефон ва суроғаҳои истиқоматӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳақиқати ин маълумотро хадамоти вижаи Русия таъйид кардаанд.
https://sputnik.tj/20220707/makgregor-khatar-nestshavi-ukraina-kharita-jahoni-1049805774.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049206067_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_517e139b00362e99a026699967adb16c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ифшо ҳуҷҷатҳо махфӣ артиш украина
ифшо ҳуҷҷатҳо махфӣ артиш украина
Ифшои ҳуҷҷатҳои махфии артиши Украина
10:06 11.07.2022 (Навсозишуда: 11:51 11.07.2022) Ҳакерҳои рус ва украинӣ ба кор шуруъ кардаанд, ки ба шарофати ин имкон пайдо шудааст, то Русия далелҳои қаблан номаълум дар бораи артиши Украинаро ба даст орад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳуҷҷатҳои махфӣ дар бораи амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва вазъ дар ҷабҳа ба дасти ҳакерҳо афтоданд. Ба онҳо муяссар шудааст, ки бойгониҳои калонеро ба даст оранд.
Далелҳои нав аз ҷониби гуруҳи ҳакерҳои русии RaHDIt, ки ба ҳамкорӣ бо "Берегини"-и украинӣ шурӯъ кард, ошкор карда шудаанд.
"Мо ба ҳуҷҷатҳои амалиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дастрасӣ дорем, дар бораи вазъи амалиёт маълумот дорем", - гуфт як иштирокчии RaHDIt.
Ба гуфтаи ӯ, [акерҳо миқдори зиёди маълумотро дарёфт кардаанд. Аммо мусоҳиби РИА Новости аз ироаи ҷузъиёти мушаххас худдорӣ кард.
"Ҳоло мо наметавонем ҳамаи кортҳоро ба шумо ифшо кунем, зеро он гоҳ маълум хоҳад шуд, ки мо чӣ медонем ва чӣ мебинем", - таъкид кард ӯ.
Ҳакерҳои рус ба гирифтани маълумоти воқеӣ аз "Берегин", як гуруҳи ҳакерии занони украинӣ идома медиҳанд.
"Гурӯҳи "Берегин" ба мо кӯмаки зиёд дорад, инчунин ба шарофати он, ки дӯстони онҳо, ки то ҳол дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина хидмат мекунанд, ба онҳо кӯмак мекунанд", - шарҳ дод иштирокчии RaHDIt.
Қаблан RaHDit ("Хакерҳои хашмгини рус") дар вебсайти худ маълумоти навро дар бораи кормандони Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина ва афроди марбут ба он пешниҳод карда буд.
Дар пойгоҳи "Немезиде" ҳуҷҷатҳое пайдо шуданд, ки ба 2,5 ҳазор нафар дахл доранд. Ин хислатҳои ҷиноии кормандони ГУР-ро дар бар мегирад - аз ҷумла нашъамандон, ки барои ғоратгарӣ, муомилоти ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, дуздӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва таҷовуз ба номус маҳкум шудаанд.
Илова бар ин, ҳакерҳо 755 вебсайти ҳукумати Украинаро рахна карданд. Дар байни онҳо сомонаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар саросари кишвар мебошанд. Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки байни раҳбари Украина Владимир Зеленский ва фармондеҳи артиши ин кишвар ихтилофот дар мавриди амалиёти ҷангӣ оғоз шудааст.
Ҳамчунин дар "Немезиде" маълумот дар бораи 700 корманди Хадамоти амнияти Украина (SBU) бо аксҳо, рақамҳои телефон ва суроғаҳои истиқоматӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳақиқати ин маълумотро хадамоти вижаи Русия таъйид кардаанд.