https://sputnik.tj/20220710/vazorat-difo-rusiya-nukta-km-ukraina-charkhbol-nobud-1049891445.html
Вазорати дифои Русия нобудсозии нуқтаҳои ҚМ Украинаро тавассути чархболҳои Ка-52 нишон дод
Вазорати дифои Русия нобудсозии нуқтаҳои ҚМ Украинаро тавассути чархболҳои Ка-52 нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймоҳои артиши Русия нуқтаҳои мустаҳками воҳидҳои низомии Украинаро кашф ва ба сӯйи онҳо мушак партоб карданд, ки дар натиҷа муҳимоти ҷангии онҳо нобуд... 10.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-10T15:20+0500
2022-07-10T15:20+0500
2022-07-11T12:06+0500
видео
амният ва мудофиа
зарба
чархбол
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/0a/1049891633_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_1b238bc420f4ea26edd63b51621d2fd1.jpg
Вазорати дифои Русия бо нашр намудани як видео нишон дод, ки чӣ гуна чархболҳои Ка-52 истгоҳҳо ва мошинҳои зирӯҳпӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд мекунад.Дар видео маълум аст, ки халабонҳои авиатсионии артиш нуқтаҳои мустаҳками воҳидҳои низомии Украинаро кашф карда, ба сӯи онҳо мушак партоб кардаанд. Дафтари матбуоти департаменти ҳарбӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи истифодаи ҷангӣ нуқтаи фармондеҳӣ, танкҳо ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши қувваҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд.Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Мушакпартоии артиши Украина ба минтақаҳои аҳолинишини Донетск – видеоБа гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Сарбозони асир дар бораи нерӯҳои Украина далелҳои ҳайратангез гуфтандДар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Боевая работа Ка-52
Sputnik Тоҷикистон
Боевая работа Ка-52
2022-07-10T15:20+0500
true
PT1M51S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/0a/1049891633_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_ac193e1df2fb11eee062c11adc163c19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, амният ва мудофиа, зарба, чархбол, украина
видео, амният ва мудофиа, зарба, чархбол, украина
Вазорати дифои Русия нобудсозии нуқтаҳои ҚМ Украинаро тавассути чархболҳои Ка-52 нишон дод
15:20 10.07.2022 (Навсозишуда: 12:06 11.07.2022) Ҳавопаймоҳои артиши Русия нуқтаҳои мустаҳками воҳидҳои низомии Украинаро кашф ва ба сӯйи онҳо мушак партоб карданд, ки дар натиҷа муҳимоти ҷангии онҳо нобуд шуд
Вазорати дифои Русия бо нашр намудани як видео нишон дод, ки чӣ гуна чархболҳои Ка-52 истгоҳҳо ва мошинҳои зирӯҳпӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд мекунад.
Дар видео маълум аст, ки халабонҳои авиатсионии артиш нуқтаҳои мустаҳками воҳидҳои низомии Украинаро кашф карда, ба сӯи онҳо мушак партоб кардаанд.
Дафтари матбуоти департаменти ҳарбӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи истифодаи ҷангӣ нуқтаи фармондеҳӣ, танкҳо ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши қувваҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.