https://sputnik.tj/20220710/peshgui-garmi-maskav-1049890413.html
Пешгӯии раъду барқ ва гармии то 30-дараҷаӣ дар Маскав
Пешгӯии раъду барқ ва гармии то 30-дараҷаӣ дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари ҳавои абрнок ва раъду барқ сокинону меҳмонони пойтахти Русияро гармии то 30 дараҷа интизор мебошад. Дар вилояти Маскав низ гармӣ пешгӯӣ мешавад
2022-07-10T12:57+0500
2022-07-10T12:57+0500
2022-07-11T12:10+0500
дар русия
гарм
маскав
суғд
борон
шамол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040332318_0:0:3159:1777_1920x0_80_0_0_8b206a3c17807caf414457d3445cbb11.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ҳавои абрнок, ки аз пеш аз зуҳр осмони Маскавро фаро мегирад, зудгузар мебошад, изҳор доштааст масъули маркази ҳавошиносии "Фобос", Евгений Тишковетс, дар суҳбат бо РИА "Новости". Вай изҳор доштааст, ки дар пойтахти Русия ҳамчунин борони кӯтоҳмуддат мебошад. Ҳарорати ҳаво гарм шуда, то ба 30 дараҷа мерасад, афзудааст Тишковетс. Вай тавзеҳ додадаст, ки вазъи обуҳаво дар Маскавро сиклони гарм аз самти ғарб муайян мекунад. Ба гуфтаи Тишковетс ҳарорати ҳаво дар Маскав аз 28 то 30 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Маскав аз 25 то 30 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳавошинос илова намудааст, ки шамол дар Маскав аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4 - 9 метр дар як сония мевазад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ҳаво гарму бебориш пешгӯӣ шудааст. Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ мегӯяд, дар баъзе минтақаҳо ҳамоно пур аз чангу ғубор хоҳад буд. Дар ҷануби кишвар гармии ҳаво аз 40 дараҷа болотар ст. Дар вилояти Суғд шамоли сахт хоҳад шуд.
маскав
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040332318_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b2e34c0bd1878f745d1909e1844a3cda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
борон, гармӣ, дараҷа, маскав
борон, гармӣ, дараҷа, маскав
Пешгӯии раъду барқ ва гармии то 30-дараҷаӣ дар Маскав
12:57 10.07.2022 (Навсозишуда: 12:10 11.07.2022) Дар баробари ҳавои абрнок ва раъду барқ сокинону меҳмонони пойтахти Русияро гармии то 30 дараҷа интизор мебошад. Дар вилояти Маскав низ гармӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ҳавои абрнок, ки аз пеш аз зуҳр осмони Маскавро фаро мегирад, зудгузар мебошад, изҳор доштааст масъули маркази ҳавошиносии "Фобос", Евгений Тишковетс, дар суҳбат бо РИА "Новости".
Вай изҳор доштааст, ки дар пойтахти Русия ҳамчунин борони кӯтоҳмуддат мебошад. Ҳарорати ҳаво гарм шуда, то ба 30 дараҷа мерасад, афзудааст Тишковетс.
Вай тавзеҳ додадаст, ки вазъи обуҳаво дар Маскавро сиклони гарм аз самти ғарб муайян мекунад.
"Зери таъсири қисмати гарми сиклони ғарбӣ эҳтимолияти боронҳо ва раъду барқ дар пасманзари ҳавои аз меъёр 5-6 дараҷа гарм дар назар аст", - илова намудааст ӯ.
Ба гуфтаи Тишковетс ҳарорати ҳаво дар Маскав аз 28 то 30 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Маскав аз 25 то 30 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Ҳавошинос илова намудааст, ки шамол дар Маскав аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4 - 9 метр дар як сония мевазад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ҳаво гарму бебориш пешгӯӣ шудааст. Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ мегӯяд, дар баъзе минтақаҳо ҳамоно пур аз чангу ғубор хоҳад буд. Дар ҷануби кишвар гармии ҳаво аз 40 дараҷа болотар ст. Дар вилояти Суғд шамоли сахт хоҳад шуд.