Хонандагони тоҷик аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 140 медали тило оварданд

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники на первом школьном дне в Душанбе
Школьники на первом школьном дне в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Обуна шудан
Соли 2022 8 ҳазору 419 нафар аз хонандагони тоҷик дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ ширкат карда, ҷойҳои намоён гирифтанд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Давоми шаш моҳи соли 2022 хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 140 медали тило ба даст оварданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати маорифи ҶТ.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат 8 ҳазору 419 нафар хонандаи тоҷик имконияти дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ ширкат карданро доштанд.
Онҳо аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои ИМА, Венгрия, Италия, Словения, Босния-Герсиговения, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат кардаанд.
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Бо амри президент дар Тоҷикистон озмуни "Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" баргузор мешавад
Дар ин олимпиадаҳо хонандагони тоҷик дар миёни хонандагони давлатҳои пешрафтаи дунё сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷӣ гардиданд.
Инчунин дар соли равон дар кишвар 24 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, аз ҷумла 13 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 11 намуди олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуд.
Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2022 нишон дод, ки дар онҳо 6410 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Хонандаи тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ ҷойи якум ва 16 ҳазор доллар гирифт
Таҳлилҳо нишон дод, ки иштироки хонандагон дар ҳаракати олимпӣ нисбат ба соли 2021 2167 нафар зиёд буда, 42,2 фоизи иштирокчиён ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Соли дуюм аст, ки аъзои маҳфилҳои марказ дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанҳои биология ва химия фаъолона иштирок намуда, сазовори 18 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардида, як нафар роҳхат ба даври олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология гардид.
Лентаи хабарҳо
0