https://sputnik.tj/20220710/iqtisodshinos-vaqt-chiz-arzon-zararovar-1049892258.html
Иқтисодшинос: Вақте ҳама чиз арзон мешавад, зарар дорад
Иқтисодшинос: Вақте ҳама чиз арзон мешавад, зарар дорад
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос барои кори муътадили иқтисод риояи тавозунро миёни содироту воридот муҳим хонд, то сифати маҳсулот поин нараваду талабот ҳифз шавад
2022-07-10T14:50+0500
2022-07-10T14:50+0500
2022-07-11T12:07+0500
дар русия
иқтисод
содирот
воридот
тавозун
зиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139189_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_b27ab83171fea626d5a5a79ca71e46fc.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дефлятсия ё худ поинравии нархи молу хизматрасонӣ дар баробари ҷанбаҳои мусбати маълум, инчунин паҳлуҳои манфиро низ дорад, ки на ҳама дарк мекунанд, гуфт иқтисодшинос, омӯзгори Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов, Михаил Хачатурян.Ӯ дар суҳбат бо "Прайм", гуфт, вақте ҳама чиз арзон мешавад, содирот зиёд мегардаду воридот кам. "Нопадидшавии маҳсулоти воридотӣ шароити гармхонаӣ барои соҳибкориро ба вуҷуд меорад, ки рақобатро коҳиш медиҳад. Дар натиҷа сифати маҳсулот поин меравад, истеъмол коҳиш меёбад", - тавзеҳ дод коршинос. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа шароити хос барои солҳои охири замони шӯравӣ пайдо мегардад, ки корхонаҳо кор мекарданд, маҳсулотро тавлид менамуданд, аммо талабот ба он набуд. Дар зимн мизоҷон барои маҳсулоти воридотӣ навбат мепоиданд, зикр намуд ӯ. Ҷанбаи дигари арзонишавии молу хизматрасониҳо - дефлятсия, ин поин рафтани рақобат миёни содиркунандагони мол мешавад, ки дар натиҷаи сифати моли онҳо поин меравад. Хачатурян таъкид намуд, ки дар пайи поинравии сифати маҳсулот талабот ба он низ кам мешавад. Дар зимн роҳи ҳал дар чунин ҳолатҳо риояи тавоозун арзёбӣ мешавад. Хачатурян зарур хонд, ки тавозун миёни содирот ва воридот нигоҳ дошта шаваду ба пешоҳангии яке аз ин бахшҳо роҳ дода нашавад.
https://sputnik.tj/20220709/korshinos-omil-dollar-rubl-1049876646.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139189_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_0c5e082b2f17ce7a8f58c5f6017c5a36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, коршинос, зиён, арзонӣ
шарҳ, коршинос, зиён, арзонӣ
Иқтисодшинос: Вақте ҳама чиз арзон мешавад, зарар дорад
14:50 10.07.2022 (Навсозишуда: 12:07 11.07.2022) Коршинос барои кори муътадили иқтисод риояи тавозунро миёни содироту воридот муҳим хонд, то сифати маҳсулот поин нараваду талабот ҳифз шавад
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дефлятсия ё худ поинравии нархи молу хизматрасонӣ дар баробари ҷанбаҳои мусбати маълум, инчунин паҳлуҳои манфиро низ дорад, ки на ҳама дарк мекунанд, гуфт иқтисодшинос, омӯзгори Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов, Михаил Хачатурян.
Ӯ дар суҳбат бо "Прайм", гуфт, вақте ҳама чиз арзон мешавад, содирот зиёд мегардаду воридот кам.
"Нопадидшавии маҳсулоти воридотӣ шароити гармхонаӣ барои соҳибкориро ба вуҷуд меорад, ки рақобатро коҳиш медиҳад. Дар натиҷа сифати маҳсулот поин меравад, истеъмол коҳиш меёбад", - тавзеҳ дод коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа шароити хос барои солҳои охири замони шӯравӣ пайдо мегардад, ки корхонаҳо кор мекарданд, маҳсулотро тавлид менамуданд, аммо талабот ба он набуд. Дар зимн мизоҷон барои маҳсулоти воридотӣ навбат мепоиданд, зикр намуд ӯ.
Ҷанбаи дигари арзонишавии молу хизматрасониҳо - дефлятсия, ин поин рафтани рақобат миёни содиркунандагони мол мешавад, ки дар натиҷаи сифати моли онҳо поин меравад.
Хачатурян таъкид намуд, ки дар пайи поинравии сифати маҳсулот талабот ба он низ кам мешавад.
Дар зимн роҳи ҳал дар чунин ҳолатҳо риояи тавоозун арзёбӣ мешавад. Хачатурян зарур хонд, ки тавозун миёни содирот ва воридот нигоҳ дошта шаваду ба пешоҳангии яке аз ин бахшҳо роҳ дода нашавад.