https://sputnik.tj/20220710/himoya-smm-huquq-zanon-afghoniston-1049895832.html
Ҳимояи СММ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон
Ҳимояи СММ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар СММ вазъеро, ки занони Афғонистон пас аз тасарруфи қудрат дар ин кишвар аз сӯи толибҳо гирифтори он шудаанд, мояи нигаронӣ хонданд
2022-07-10T20:00+0500
2022-07-10T20:00+0500
2022-07-11T11:56+0500
толиб
смм
ҳуқуқ
ҳуқуқи башар
иқдом
иҷтимоъ
афғонистон
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041898472_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8b40913d00553834c383c006e1a053d4.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ тарҳи қатъномаеро қабул кард, ки дар он нақзи ҳуқуқи занону духтарони афғон аз сӯи толибҳо маҳкум карда мешавад. Дар ин бора созмон дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, зикр шудаст, ки санади мазкур дар анҷоми ҷаласаи 50-уми Шӯрои ҳуқуқи башар қабул карда шудааст. Дар тарҳи санади Шӯро аз толибҳо хоста шудааст, ки маҳдудсозиҳоро дар мавриди ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон хотима бахшанд. "Аз моҳи августи соли 2021 вазъи ҳуқуқи башар дар Афғонистон бахусус дар робита ба занон ба таври ҷиддӣ бадтар шудааст", - изҳор дошт Ватслав Балек, намояндаи Чехия дар СММ. Таъкид шудааст, ки тарҳи қарорро даҳҳо кишвар ҷонибдорӣ кардаанд, аммо мушаххас аз давлатҳо ном бурда нашудаст. Тарҳи қатъномаро ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ворид мекунанд, ки тирамоҳи соли равон дар назар аст. Дар он фаъолони ҳуқуқи занони афғон ширкат хоҳанд кард. Пас аз он ки толибҳо қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, нисбати занону духтарон қоидаҳои бештар маҳдудкунанда дар кишвар ҷорӣ карда шуд. Иқдоми худро толибҳо ба зарурати фароҳам овардани фазои мусоиду мувофиқи исломӣ рабт медиҳанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои алоҳида аз шартҳои эътирофи ҳукумати нав дар Афғонистонро ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи гуруҳҳои сиёсию этникӣ ва риоияи ҳуқуқи башар, аз ҷумла дар бахши кору таҳсили занон ном мебаранд.
https://sputnik.tj/20220707/tolibon-unvon-muttahid-nato-afghoniston-manfiate-1049836214.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041898472_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_08331eb9faa326b614a5d87f2fd5e2c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ, смм, вазъ, занон, афғонистон
нигаронӣ, смм, вазъ, занон, афғонистон
Ҳимояи СММ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон
20:00 10.07.2022 (Навсозишуда: 11:56 11.07.2022) Дар СММ вазъеро, ки занони Афғонистон пас аз тасарруфи қудрат дар ин кишвар аз сӯйи толибҳо гирифтори он шудаанд, мояи нигаронӣ хонданд
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ тарҳи қатъномаеро қабул кард, ки дар он нақзи ҳуқуқи занону духтарони афғон аз сӯи толибҳо маҳкум карда мешавад.
Дар ин бора созмон дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, зикр шудаст, ки санади мазкур дар анҷоми ҷаласаи 50-уми Шӯрои ҳуқуқи башар қабул карда шудааст.
Дар тарҳи санади Шӯро аз толибҳо хоста шудааст, ки маҳдудсозиҳоро дар мавриди ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон хотима бахшанд.
"Аз моҳи августи соли 2021 вазъи ҳуқуқи башар дар Афғонистон бахусус дар робита ба занон ба таври ҷиддӣ бадтар шудааст", - изҳор дошт Ватслав Балек, намояндаи Чехия дар СММ.
Таъкид шудааст, ки тарҳи қарорро даҳҳо кишвар ҷонибдорӣ кардаанд, аммо мушаххас аз давлатҳо ном бурда нашудаст.
Тарҳи қатъномаро ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ворид мекунанд, ки тирамоҳи соли равон дар назар аст. Дар он фаъолони ҳуқуқи занони афғон ширкат хоҳанд кард.
Пас аз он ки толибҳо қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, нисбати занону духтарон қоидаҳои бештар маҳдудкунанда дар кишвар ҷорӣ карда шуд. Иқдоми худро толибҳо ба зарурати фароҳам овардани фазои мусоиду мувофиқи исломӣ рабт медиҳанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои алоҳида аз шартҳои эътирофи ҳукумати нав дар Афғонистонро ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи гуруҳҳои сиёсию этникӣ ва риоияи ҳуқуқи башар, аз ҷумла дар бахши кору таҳсили занон ном мебаранд.