То 41 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка с зонтиком
Девушка с зонтиком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Обуна шудан
Ҳаво дар Тоҷикистон гарму бебориш, вале дар баъзе минтақаҳо ҳамоно пур аз чангу ғубор аст. Дар вилояти Суғд шамоли сахт хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳавои вилояти Суғдро тағйирёбандаи бебориш арзӯбӣ намуд Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 32-37 дараҷа гармхоҳад шуд.
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Ҳавошиносон гуфтанд, гармои шадид дар Тоҷикистон то кай идома мекунад
Дар вилояти Хатлон ҳам ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18-20 дараҷа ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0