https://sputnik.tj/20220710/boris-jonson-istefo-siyosat-kanor-guzorad-1049891949.html
Борис Ҷонсон шояд пас аз истеъфо сиёсатро канор гузорад
Борис Ҷонсон шояд пас аз истеъфо сиёсатро канор гузорад
Sputnik Тоҷикистон
Консерваторҳои Бритониё ният доранд, ки то моҳи сентябри соли 2022 ҷойгузини Борис Ҷонсонро пайдо кунанд. Ҳоло маълум нест, ки ӯ дар сиёсат мемонад ё на
2022-07-10T16:20+0500
2022-07-10T16:20+0500
2022-07-11T12:04+0500
дар ҷаҳон
британия
сарвазир
сиёсат
истеъфо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/07/1049831247_0:571:2387:1913_1920x0_80_0_0_0ee1b7e16895ea7cab98cd48629b235c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Борис Ҷонсон, ки рӯзи панҷшанбе эълом дошт, мақоми нахуствазири Бритониёро тарк мекунад, дар бораи тарки сиёсат қарор дорад, хабар медиҳад рӯзномаи Telegraph бо такя ба манобеи худ.Ҳадс зада мешавад, ки Ҷонсон шояд ба мисли соли 2016 боз ба публисистика рӯ орад.Қаблан, биографи Ҷонсон, Эндрю Гимсон гуфта буд, ки Ҷонсон метавонад соли оянда барои суханронӣ ва навиштани китоб чанд миллион фунт ба даст орад. Ёдовар мешавем, ки Борис Ҷонсон соли 2019 Тереза Мэйро дар мақоми нахуствазир иваз кард. Рӯзи панҷшанбеи 7 июл ӯ истеъфои худро аз мақоми нахуствазир ва раиси Ҳизби муҳофизакори Бритониё эълон кард. Дар баробари ин вай то интихоб шудани роҳбари нав дар ҳизб мемонад ва ҳамчунин вазифаи сардори ҳукуматро идома медиҳад.Нобоварӣ ба Ҷонсон пас аз рафтори номуносиби муовини собиқи вазири умури хориҷаи Аврупо ва ИМА Кристофер Пинчер афзуд. Ӯ дар ҳолати мастӣ дар яке аз клубҳои Лондон занозанӣ карда буд. Бо вуҷуди ин, сарвазир ӯро ба вазифаи ҳамоҳангсози фраксияи парламентии консервативӣ таъйин намуд, ки ғазаби ҳукуматдоронро даҳчанд кард.Як моҳ пеш Ҷонсон аз раъйдиҳии нобоварӣ ба ҳизби муҳофизакор гузашт. Сипас ҷанҷол бо ҳизбҳо, ки дар қароргоҳи сарвазир дар солҳои 2020-2021, дар давраи маҳдудиятҳои шадиди коронавирус рух дод, сабаб шуд. Бо вуҷуди ин, Ҷонсон тавонист дар вазифаи худ бимонад. Аз ӯ 211 нафар ҷонибдорӣ намуда. 148 нафари дигар муқобилаш буданд.
https://sputnik.tj/20220707/boris-jonson-istefo-dod-1049825147.html
британия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/07/1049831247_0:258:2387:2048_1920x0_80_0_0_c9e68a154c6740ed91dc150c9c47ecfe.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
борис ҷонсон савазир бритониё истеъфо сиёсат
борис ҷонсон савазир бритониё истеъфо сиёсат
Борис Ҷонсон шояд пас аз истеъфо сиёсатро канор гузорад
16:20 10.07.2022 (Навсозишуда: 12:04 11.07.2022) Консерваторҳои Бритониё ният доранд, ки то моҳи сентябри соли 2022 ҷойгузини Борис Ҷонсонро пайдо кунанд. Ҳоло маълум нест, ки ӯ дар сиёсат боқӣ мемонад ё на
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Борис Ҷонсон, ки рӯзи панҷшанбе эълом дошт, мақоми нахуствазири Бритониёро тарк мекунад, дар бораи тарки сиёсат қарор дорад, хабар медиҳад рӯзномаи Telegraph бо такя ба манобеи худ.
Ду манбаи баландпоя гуфтанд, ки ӯ ҳоло тасмим мегирад, ки ҳамчун Тереза Мэй дар сиёсат бимонад ва ё дар интихоботи оянда онро комилан тару кунад", - менависад рӯзнома.
Ҳадс зада мешавад, ки Ҷонсон шояд ба мисли соли 2016 боз ба публисистика рӯ орад.
Қаблан, биографи Ҷонсон, Эндрю Гимсон гуфта буд, ки Ҷонсон метавонад соли оянда барои суханронӣ ва навиштани китоб чанд миллион фунт ба даст орад.
Ёдовар мешавем, ки Борис Ҷонсон соли 2019 Тереза Мэйро дар мақоми нахуствазир иваз кард. Рӯзи панҷшанбеи 7 июл ӯ истеъфои худро аз мақоми нахуствазир ва раиси Ҳизби муҳофизакори Бритониё эълон кард.
Дар баробари ин вай то интихоб шудани роҳбари нав дар ҳизб мемонад ва ҳамчунин вазифаи сардори ҳукуматро идома медиҳад.
Нобоварӣ ба Ҷонсон пас аз рафтори номуносиби муовини собиқи вазири умури хориҷаи Аврупо ва ИМА Кристофер Пинчер афзуд. Ӯ дар ҳолати мастӣ дар яке аз клубҳои Лондон занозанӣ карда буд. Бо вуҷуди ин, сарвазир ӯро ба вазифаи ҳамоҳангсози фраксияи парламентии консервативӣ таъйин намуд, ки ғазаби ҳукуматдоронро даҳчанд кард.
Як моҳ пеш Ҷонсон аз раъйдиҳии нобоварӣ ба ҳизби муҳофизакор гузашт. Сипас ҷанҷол бо ҳизбҳо, ки дар қароргоҳи сарвазир дар солҳои 2020-2021, дар давраи маҳдудиятҳои шадиди коронавирус рух дод, сабаб шуд. Бо вуҷуди ин, Ҷонсон тавонист дар вазифаи худ бимонад. Аз ӯ 211 нафар ҷонибдорӣ намуда. 148 нафари дигар муқобилаш буданд.