Тоҷикистону Туркманистон дар бахши коркарди нафту истихроҷи газ ҳамкорӣ мекунанд

© AP / Martin MejiaВелосипедист с покрытыми нефтью руками на пляже в Вентанилья, Перу
Велосипедист с покрытыми нефтью руками на пляже в Вентанилья, Перу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Обуна шудан
Як вилояти Туркманистон хостори барқарор намудани робитаҳои мустақим бо муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва маорифи Хатлон мебошад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Лебапи Туркманистон дар самтҳои мухталиф ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.
Дар ин бора зимни мулоқоти онлайнии ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ бо роҳбарияти вилояти Лебапи Туркманистон сурат гирифт, хабар медиҳад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо асосан раванди иҷрои созишнома байни Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Лебапи Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро баррасӣ кардаанд.
Хоҷаназаров оид ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Лебапу Хатлон дар доираи Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ сухан гуфтааст.
0би вилояти Лебапи Туркманистон барои барқарор намудани робитаҳои мустақим байни муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ, маориф, варзиш ва сайёҳӣ алоқаманд мебошад.

“Вилояти мо дар истеҳсоли маводи сӯзишворию энергетикӣ, коркарди нафту истихроҷи газ, саноати кимиё, матоъҳои шоҳӣ пешсаф аст, дар ин самтҳо низ ҳамкории судмандро бо вилояти Хатлон роҳандозӣ кардан имконпазир аст”,- гуфтааст Хоҷаназаров.

Дар ин мулоқоти онлайнӣ ҳамчунин зарфиятҳои иқтисодии вилояти Хатлон муаррифӣ гардида, дар бораи самтҳои ояндадор ва судманди ҳамкорӣ миёни доираҳои тиҷоратии ду вилоят маълумот дода шудааст.
Машварати лаби кӯл: ҳамаи президентҳои ОМ даъвати Қирғизистонро пазируфтаанд
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Туркманистон шарикии стратегӣ дошта, беш аз 110 санади батасвибрасида ҳамкории ду кишварро дар самтҳои мухталиф ҳамоҳанг мекунанд.

Туркманҳо дар Тоҷикистон

Ногуфта намонад, ки дар вилояти Хатлон ҷамъияти туркманҳо фаъолият мекунад, ки 25 ҳазор узв дорад.
Дар ҳудуди вилоят 6 муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуданд, ки фарзандони туркмантабор бо забони модарии худ таҳсил карда метавонанд.
Инчунин беш аз 100 донишҷӯи туркман дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил доранд.
Лентаи хабарҳо
0