https://sputnik.tj/20220708/sarbozon-olmoni-pul-qrim-tarkonand-1049861604.html
Сарбозони олмонӣ мехостанд бо силоҳи дуздӣ пули Қримро тарконанд
Сарбозони олмонӣ мехостанд бо силоҳи дуздӣ пули Қримро тарконанд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи таҳқиқоти афсарони ҳифзи ҳуқуқи Олмон, низомиён аз як гурӯҳи 10 нафара иборат буданд, ки дар Шлезвиг-Ҳолштейн ба ғоратгарӣ машғул буданд
2022-07-08T17:01+0500
2022-07-08T17:01+0500
2022-07-08T21:13+0500
олмон
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/28/1029492896_0:107:3263:1942_1920x0_80_0_0_18f6d076208e6a014b3830df3ba38f95.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ду сарбози бундесвер маводи таркандаро дуздида, мехостанд пули Қримро тарконанд, менависад нашрияи олмонии Stern. Дар натиҷаи тафтишот маълум шудааст, ки онҳо тариқи телефон ниятҳои ҷиноии худ ва ҷузъиёти нақшаи тахриби пулро баррасӣ кардаанд. Тибқи нақшаҳои низомиён, чунин як ҳамлаи террористӣ бояд ба таъминоти артиши Русия, ки дар амалиёти махсуси низомии Украина иштирок мекард, халал мерасонид, аммо идеяҳо амалӣ нагардиданд: ҳамлагарон таҳти назорат қарор гирифтанд. Тафтишот ҳамчунин муайян кардааст, ки ин ду нафар дар як гурӯҳи ҷиноии иборат аз 10 нафар буда, аз соли 2021 инҷониб ба дуздии таҷҳизоти низомӣ дар сарзаминҳои Шлезвиг-Ҳолштейн даст доштаанд. Шаби пеш аз боздошт, низомиён кӯшиш карданд, ки ба пойгоҳи ғаввосҳои низомӣ дар Эккернфорде ворид шаванд.Нобудсозии ду "Harpoon"-и бритониёӣ дар УкраинаПас аз боздошт пулис хонаи боздоштшудаҳоро кофтуков карда, силоҳ, муҳимот ва маводи тарканда дарёфт кардааст. Сарбозон нақша доштаанд, ки нисфи ғаниматро фурӯшанд ва нисфи дигарашро ба қаламрави Украина бурда, шахсан истифода баранд. Ин бори аввал нест, ки пули Қрим ба ҳадафи суиқасдҳо мубаддал мешавад, масалан, теъдоде аз мақомоти баландпояи артиши Украина борҳо изҳор доштаанд, ки ин пул ҳадафи авлавияти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст. Путин: Русия дар Украина то ҳол ба таври ҷиддӣ иқдом накардаастБо вуҷуди ин, низоми дифои ҳавоии Русия як монеаи ногузар барои аслиҳаи Украина мебошанд.
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/28/1029492896_265:0:2996:2048_1920x0_80_0_0_0245f81175acb4bf800f219e20bd797d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон, русия, пул, тарконидан
олмон, русия, пул, тарконидан
Сарбозони олмонӣ мехостанд бо силоҳи дуздӣ пули Қримро тарконанд
17:01 08.07.2022 (Навсозишуда: 21:13 08.07.2022) Тибқи таҳқиқоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон, низомиёне, ки аз як гурӯҳи 10-нафара иборат буданд, дар Шлезвиг-Ҳолштейн ба ғоратгарӣ машғул будаанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ду сарбози бундесвер маводи таркандаро дуздида, мехостанд пули Қримро тарконанд, менависад нашрияи олмонии Stern.
Дар натиҷаи тафтишот маълум шудааст, ки онҳо тариқи телефон ниятҳои ҷиноии худ ва ҷузъиёти нақшаи тахриби пулро баррасӣ кардаанд.
Тибқи нақшаҳои низомиён, чунин як ҳамлаи террористӣ бояд ба таъминоти артиши Русия, ки дар амалиёти махсуси низомии Украина иштирок мекард, халал мерасонид, аммо идеяҳо амалӣ нагардиданд: ҳамлагарон таҳти назорат қарор гирифтанд.
Тафтишот ҳамчунин муайян кардааст, ки ин ду нафар дар як гурӯҳи ҷиноии иборат аз 10 нафар буда, аз соли 2021 инҷониб ба дуздии таҷҳизоти низомӣ дар сарзаминҳои Шлезвиг-Ҳолштейн даст доштаанд.
Шаби пеш аз боздошт, низомиён кӯшиш карданд, ки ба пойгоҳи ғаввосҳои низомӣ дар Эккернфорде ворид шаванд.
Пас аз боздошт пулис хонаи боздоштшудаҳоро кофтуков карда, силоҳ, муҳимот ва маводи тарканда дарёфт кардааст.
Сарбозон нақша доштаанд, ки нисфи ғаниматро фурӯшанд ва нисфи дигарашро ба қаламрави Украина бурда, шахсан истифода баранд.
Ин бори аввал нест, ки пули Қрим ба ҳадафи суиқасдҳо мубаддал мешавад, масалан, теъдоде аз мақомоти баландпояи артиши Украина борҳо изҳор доштаанд, ки ин пул ҳадафи авлавияти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст.
Бо вуҷуди ин, низоми дифои ҳавоии Русия як монеаи ногузар барои аслиҳаи Украина мебошанд.