https://sputnik.tj/20220708/rais-dushanbe-niyozmandon-kumak-1049869561.html
Раиси Душанбе ба ниёзмандон кумак кард
Раиси Душанбе ба ниёзмандон кумак кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба муносибати иди Қурбон ва Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе барои оилаҳои камбизоату ниёзманд дастархони идона оростааст
2022-07-08T22:00+0500
2022-07-08T22:00+0500
2022-07-08T22:00+0500
дар тоҷикистон
қурбон
рустами эмомалӣ
ид
мусалмон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042566328_0:0:529:298_1920x0_80_0_0_80098e124ad8869b42b85895a1e0edfc.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Иди Қурбон ба ниёзмандону маъюбон ба андозаи 1,2 миллион сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи ғизоӣ расонидаст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар дода, афзуд, ки ҳамчунин бахшида ба Рӯзи маъюбони Тоҷикистон дар тарабхонаи Яккасарой баҳри 500 нафар ниёзманд дастархони идона ороста гардид. Таъкид шудааст, ки танҳо дар 6 моҳи сипаригардидаи соли 2022 аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нафарони ниёзманд, яккаву танҳо, нафарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ба маблағи 8,2 млн сомонӣ кумак расонда шудааст. Ҳамчунин барои ҷамъомадагон туҳфаҳо супорида шуда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардидааст. Иди Қурбон дар Тоҷикистон 9 июл таҷлил мешавад. Дар ин рӯз кумак ба ниёзмандон ва аёдати наздикон ба ҳукми анъана даромадааст. Иди Қурбон ва ё Азҳо яке аз идҳои асосии динии мусалмонони ҷаҳон аст, ки дар тамоми кишварҳои мусалмонӣ бо рӯзҳои истироҳатӣ ва ба таври оммавӣ ҷашн гирифта мешавадИди Қурбон ҳар сол пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон, дар рӯзи даҳуми Зулҳиҷҷа фаро мерасад. Бар асоси шариати исломӣ ҳар мусалмоне, ки тавон дорад бояд қурбонӣ кунад.
https://sputnik.tj/20220708/shartu-sharoiti-barguzorii-idi-qurbon-1049865748.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042566328_23:0:490:350_1920x0_80_0_0_3b5cd31f0ed52f510aa8705c0902da1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумак, идона, рустами эмомалӣ, ниёзмандон
кумак, идона, рустами эмомалӣ, ниёзмандон
Раиси Душанбе ба ниёзмандон кумак кард
Ба муносибати Иди Қурбон ва Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе барои оилаҳои камбизоату ниёзманд дастархони идона оростааст
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Иди Қурбон ба ниёзмандону маъюбон ба андозаи 1,2 миллион сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи ғизоӣ расонидаст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар дода, афзуд, ки ҳамчунин бахшида ба Рӯзи маъюбони Тоҷикистон дар тарабхонаи Яккасарой баҳри 500 нафар ниёзманд дастархони идона ороста гардид.
Таъкид шудааст, ки танҳо дар 6 моҳи сипаригардидаи соли 2022 аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нафарони ниёзманд, яккаву танҳо, нафарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ба маблағи 8,2 млн сомонӣ кумак расонда шудааст.
Ҳамчунин барои ҷамъомадагон туҳфаҳо супорида шуда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардидааст.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон 9 июл таҷлил мешавад. Дар ин рӯз кумак ба ниёзмандон ва аёдати наздикон ба ҳукми анъана даромадааст. Иди Қурбон ва ё Азҳо яке аз идҳои асосии динии мусалмонони ҷаҳон аст, ки дар тамоми кишварҳои мусалмонӣ бо рӯзҳои истироҳатӣ ва ба таври оммавӣ ҷашн гирифта мешавад
Иди Қурбон ҳар сол пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон, дар рӯзи даҳуми Зулҳиҷҷа фаро мерасад. Бар асоси шариати исломӣ ҳар мусалмоне, ки тавон дорад бояд қурбонӣ кунад.