https://sputnik.tj/20220708/dushanbe-qahramoni-futbol-zanon-cafa-1049848540.html
Дар Душанбе нахустин Қаҳрамонии футболи занон дар таърихи CAFA оғоз мешавад
Дар Душанбе нахустин Қаҳрамонии футболи занон дар таърихи CAFA оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон нахустин чемпионати футбол байни дастаҳои занона дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
2022-07-08T13:20+0500
2022-07-08T13:20+0500
2022-07-08T13:33+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
чемпионат
ом
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/08/1049843342_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_df01d6c8c102b0509ec99708777e074f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рӯзи 8-уми июл дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои аввали мусобиқоти Қаҳрамонии футболи CAFA 2022 байни занон баргузор мешаванд. Ҳамин тариқ, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ бозии нахустин миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Эрон оғоз шуда, соати 22:00 футболбозони Тоҷикистон вориди майдон мешаванд. Мушкилоти футболи занона дар Тоҷикистон ошкор шудРақиби тоҷикдухтарон дастаи Туркманистон хоҳад буд. Ин аввалин чемпионати футбол байни дастаҳои занона дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар он 5 даста, аз ҷумла, варзишгарони Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Мусобиқот то 20 июл идома ёфта, аз 5 давр иборат аст. Ҷадвали онҳоро Федератсияи футболи Тоҷикистон нашр кардааст.Даври 1- ум 8 июл (ҷумъа) даври 2-юм11 июл (душанбе) даври 3-юм14 июл (панҷшанбе) даври 4-ум17 июл (якшанбе) даври 5-ум20 июл (чоршанбе) Тибқи низомнома, қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занона аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад. Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Юсуф Рабиев гуфт, ки тими миллӣ дар ҳар бозӣ тамоми талош ва нерӯи худро нишон медиҳад. "Рақиби аввалини мо тими миллии Туркманистон аст. Бозӣ осон нахоҳад буд, вале мо танҳо барои пирӯзӣ бозӣ хоҳем кард", - афзуд ӯ.
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/08/1049843342_122:0:1125:752_1920x0_80_0_0_ee462eb3926ea8010ebcff402d92dd3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе қаҳрамонӣ футбол занон таърихи cafa
душанбе қаҳрамонӣ футбол занон таърихи cafa
Дар Душанбе нахустин Қаҳрамонии футболи занон дар таърихи CAFA оғоз мешавад
13:20 08.07.2022 (Навсозишуда: 13:33 08.07.2022) Дар пойтахти Тоҷикистон нахустин чемпионати футбол байни дастаҳои занона дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рӯзи 8-уми июл дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои аввали мусобиқоти Қаҳрамонии футболи CAFA 2022 байни занон баргузор мешаванд.
Ҳамин тариқ, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ бозии нахустин миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Эрон оғоз шуда, соати 22:00 футболбозони Тоҷикистон вориди майдон мешаванд.
Рақиби тоҷикдухтарон дастаи Туркманистон хоҳад буд.
Ин аввалин чемпионати футбол байни дастаҳои занона дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар он 5 даста, аз ҷумла, варзишгарони Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Мусобиқот то 20 июл идома ёфта, аз 5 давр иборат аст. Ҷадвали онҳоро Федератсияи футболи Тоҷикистон нашр кардааст.
19:00 — Қирғизистон — Эрон;
22:00— Туркманистон — Точикистон.
19-00 — Туркманистон — Қирғизистон;
22:00 — Тоҷикистон — Ӯзбекистон.
19:00 — Ӯзбекистон — Туркманистон;
22:00 — Эрон — Тоҷикистон.
19:00 — Эрон — Туркманистон;
22:00 — Қирғизистон — Ӯзбекистон.
19:00 — Ӯзбекистон — Эрон;
22:00 — Тоҷикистон — Қирғизистон.
Тибқи низомнома, қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занона аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Юсуф Рабиев гуфт, ки тими миллӣ дар ҳар бозӣ тамоми талош ва нерӯи худро нишон медиҳад.
"Рақиби аввалини мо тими миллии Туркманистон аст. Бозӣ осон нахоҳад буд, вале мо танҳо барои пирӯзӣ бозӣ хоҳем кард", - афзуд ӯ.